3 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Вилоят Кулиевро, ки ба Душанбе барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои иштирокдори Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ омадааст, қабул намуд.
Зимни вохӯрӣ атрофи масъалаҳои ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, баъзе мавзӯъҳои байналхалқии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн табодули назар гардид.