2 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон сафар намуда, бо рафти корҳои таъмиру сохтмонии роҳи оҳани Ёвон - Вахш, ки яке аз иншоотҳои асосӣ ба ҳисоб меравад, шинос шуд.
Сохтмончиёни роҳи оҳан, ки имрӯзҳо барои пеш аз мӯҳлат ба истифода додани ин шоҳроҳ ғайратмандона меҳнат мекунанд, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳонашро гарму ҷӯшон ва самимона истиқбол намуданд.
Муовини сарвазири мамлакат Фаридун Муҳиддинов ба Президенти мамлакат аз рафти корҳо ва нақшаи ояндаи сохтмончиён ҳисобот дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохурӣ бо масъулини сохтмон аз аҳамияти зарурати анҷоми ҳарчи зудтари сохтмон ёдовар шуда, ба мушкилоти ҷойдошта - пардохти саривақтии маоши коргарон, фароҳам овардани шароити мусоиди меҳнату истироҳат, масолеҳи сохтмонӣ мароқ зоҳир кард. Зикр гардид, ки баъди анҷоми бомуваффақонаи роҳи оҳани Қурғонтеппа - Кулоб мутахассисони ин соҳа алҳол дар барқарорсозии роҳи харобгардидаи Ёвон - Вахш бо қувваи дучанд меҳнат мекунанд. Ояндаи наздик корҳои сохтмонӣ дар минтақаи роҳи оҳани Ёвон - Кофарниҳон низ вусъат хоҳад ёфт. Тавассути роҳи оҳану мошингард ба ҳам васл сохтани шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, таъмини рафту омади доимӣ, доду гирифти тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамкориҳои корхонаҳои хурду бузурги итеҳсолӣ ва дар ҳамин замина ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ аз самтҳои асосии сиёсатӣ созандагӣ ва бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.
Президенти мамлакат худи ҳамон рӯз аз иншооти дигари муҳим, ки дар минтақаи Лойқасои ноҳияи Хоҷамастон воқеъ аст, дидан намуд.
Мулоқоти Президент Эмомалӣ Раҳмон бо аҳолии Хоҷамастони вилояти Хатлон низ хело самимона буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони хоҷагиҳо супоришҳои қатъӣ дод, ки ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар порча замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ғанӣ гардонидани бозори дохили бо маҳсулоти худӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.