Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Туркия дар Тоҷикистон Меҳмет Мунис Дирик

17.12.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Туркия дар Тоҷикистон Меҳмет Мунис Дирик эътимоднома қабул намуд.

Дар сўҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафири нави Туркия, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Аз сатҳи муносиботи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Туркия изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Аз ҷумла зикр гардид, ки «ду сол боз ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар аз ним миллиард доллари амрикоӣ боло меравад». Аз самараи кори комиссияи муштараки ҳамкории дуҷониба ва таъсис ёфтани гурўҳи кории энергетикӣ низ қаноатмандӣ зоҳир гардид.

Изҳори умед карда шуд, ки мулоқоти навбатии сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул ва форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Туркия, ки ба наздикӣ бо иштироки роҳбарони ҳарду давлат дар шаҳри Истамбул баргузор мегардад, натиҷаҳои нав ба бор меорад ва шумораи ширкатҳо ва корхонаҳои муштарак аз имрўза бештар мегардад.

Меҳмет Мунис Дирик изҳор дошт, ки ба ҳайси Сафири нави Туркия дар Тоҷикистон баҳри татбиқи амалии санадҳои сершумори ҳамкории ду кишвар ва таъмини густариши бештари муносибатҳои мутақобила ҷаҳду талош мекунад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520