Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати баландпояи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

15.12.2010 16:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати баландпояи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки бо роҳбарии Вазири молияи ин кишвар Ҳазрат Умар Захилвол ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Ба ин ҳайат ҳамчунин Вазири фавоиди оммаи Афғонистон Абдулқуддус Ҳамидӣ, Вазири маодин Ваҳидуллоҳ Шаҳронӣ ва намояндагони воломақоми вазорати корҳои хориҷӣ ва ва вазорати энерҷӣ ва манобеи оби ин кишвар шомил мебошанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон, хусусан татбиқи амалии санадҳои қарордодӣ-ҳуқуқӣ, ки дар сатҳу зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ ба имзо расидаанд, баррасӣ шуд.

Таваҷҷўҳи зиёд ба самти афзали ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ доир ба кашидани хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқ, бунёди роҳҳои оҳану мошингард, боло бурдани қобилияти транзитии ду кишвар ва рушди тиҷорат зоҳир карда шуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки хатти 220 киловолтаи интиқоли нерўи барқи Тоҷикистон-Афғонистон, ки кашиданаш дар ҳудуди Тоҷикистон ба поён расидааст, дар Афғонистон низ то баҳори соли оянда бояд омода гардад.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520