Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Губернатори вилояти Свердлови Федератсияи Русия Александр Мишарин

14.12.2010 16:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Губернатори вилояти Свердлови Федератсияи Русия Александр Мишаринро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи Русия баррасӣ шуд.

«Мо бо вилояти Свердлов робитаҳои деринаву устувор дорем ва ба густариши муносиботи судбахш манфиатдорем», - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Ба кор шуруъ намудани корхонаи муштараки Хуҷанд-ЗИЛ-Амур, ки бо саҳмгузории молиявии сохторҳои саноатии вилояти Свердлов бунёд ёфтааст, намунаи хуби ҳамкории иқтисодию сармоягузории дуҷониба маънидод гардид.

Аз нишондодҳои кунунӣ ва дурнамои робитаҳои илмию фарҳангӣ ва маорифӣ, аз ҷумла дар самти омодасозии кадрҳо, изҳори хушнудӣ карда шуд.
Ба таъсиси гурўҳи муштарак доир ба густариши ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистон ва вилояти Свердлови Русия аз ҳарду ҷониб изҳори омодагӣ карда шуд.

Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, аз ҷумла саноати коркарди нахи пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ва дар самти туризм дорои суди зиёд барои ҳарду ҷониб арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520