Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъомад бахшида ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

14.12.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Имрўз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади бахшида ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» иштирок ва суханронӣ намуд.

Барои иштирок дар баррасӣ ва муҳокимаи лоиҳаи қонуни мазкур намояндагони парлумону ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва шумораи зиёди аҳли зиёи кишвар, аз ҷумла олимону ходимони дин ҷамъ омаданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмўҳтаво аз арзишҳою муқаддасот ва осори пурғановати ниёгони сарфарозамон, ки доир ба тарбияи насли солиму доно ва хушодобу хушрафтор ба мо боқӣ гузоштаанд, ёдовар шуда, доир ба масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва арҷгузории фарзандон ба заҳматҳои шаборўзии волидон андешаҳои ҷолибу омўзанда баён намуд.

Дар суханронӣ, аз ҷумла, бо ёдоварӣ аз осори фаровони омўхтании Имом Ғазолӣ омадааст: «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ў гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ, бирўяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модару муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ўро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳар чӣ хоҳад кунад ва бо ҳар кӣ хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ накунӣ».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «Қобуснома»-и Унсуралмаолии Кайковус, «Насиҳатнома»-и Имоми Аъзам, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насираддини Тўсӣ, «Кимиёи саодат»-и ғазолӣ, «Ахлоқи Мўҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва «Ахлоқи Ҷалолӣ»-и Давониро аз беҳтарин осори ниёгон оид ба тарбияи фарзанд маънидод карда, таълиму тарбияи насли ояндаро аз вазифаҳои асоситарини аҳли ҷомеа, пеш аз ҳама падару модарон ва омўзгорону калонсолон номид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «таҷдид ва такмили низоми таълиму тарбия аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва вазифаи муҳимтарини сиёсати давлатӣ эълон гардид, соҳаи маориф мавриди ислоҳоти фарогир қарор дорад, вале ҳамаи тадбирҳои муҳими давлатӣ бе кўмаку дастгирии бевоситаи аҳли ҷомеа, аз ҷумла падару модарон ва азми қавии онҳо ба ҳадди дилхоҳ ва самарабахш намерасанд».

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа рўҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Аммо ба ин се ниҳод муҳити атроф ва фазои иттилоотӣ низ, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад».

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, «оила, мактаб ва ҷомеа бояд якҷо бо расонаҳои миллии иттилоотӣ нерўву иқтидори кофии муқовимат дошта бошанд, то ин ки воридшавии ҷанбаҳои номатлуби фарҳанги бегонаро пешгирӣ карда, нагузоранд, ки онҳо дар ҷомеаи мо миёни наврасону ҷавонон паҳн гарданд ва афкори онҳоро заҳролуд намоянд».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: «Ин ҷо сухан нафақат дар бобати падидаҳои зоҳирӣ, аз қабили сарулибос, одоби муошират, нишасту хез меравад, балки бештар дар хусуси ҷаҳонбинии миллӣ ва эътиқодоти маънавист, ки дар шароити муосир аҳамияти бағоят бузургро соҳиб мебошанд».

Президенти мамлакат нақш ва масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзандон миёни се ниҳоди мазкури аҳли ҷомеа дар ҷойи аввал гузошта, таъкид дошт: «Фарзанд меваи умри одамизод мебошад. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ў аз тарбияи фарзанд канораҷўӣ намояд».

Бо таассуф ёдоварӣ гардид, ки солҳои охир дар қаламрави кишварамон аз тарафи ноболиғон ва ё бо иштироки бевоситаи онҳо 4200 ҷиноят, аз ҷумла 104 ҳодисаи одамкушӣ содир шудааст.

Ба иттилои Сарвари давлат, «аз ин шумора, дар 16 ҳолат фарзандони ноболиғ ба куштори падару модарон ва дар 12 ҳолати дигар баръакс волидон ба куштори фарзандон даст задаанд». Аз ҷониби ноболиғон ҳамчунин 90 ҳодисаи истифода ва муомилоти маводи мухаддир, 70 ҳодисаи дуздии воситаҳои нақлиёт ва 350 ҳолати авбошӣ содир гардидаанд.

Чунонки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, «лоиҳаи қонуни мазкур ба хотири боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, инчунин худшиносиву худогоҳӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои милливу умумибашарӣ, риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо таҳия гашта, ба муҳокимаи мардуми кишварамон пешниҳод карда мешавад».

Мўҳлат барои муҳокимаи умумии мардум дуюним моҳ муқаррар карда шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба таҷрибаи Тоҷикистон доир ба қабули қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки баъди муҳокимаи умумӣ дар миёни мардум қабул шуда буд, изҳори боварӣ намуд, ки ин қонун низ бо ҳамин роҳ муҳокима ва қабул шуда, солҳою асрҳо ба манфиати мардуми кишвар хидмат хоҳад кард.

Мутобиқи талаботи лоиҳаи қонуни мазкур падару модар ва ҳар касе, ки барои ба мактаб рафтани фарзандону ноболиғон монеъ мешаванд, то ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо таассуф изҳор дошт, «баъзе падару модарон пойбанди таассубу хурофот шуда, барои ба таълим фаро гирифтани фарзандони худ монеъ мешаванд, онҳоро ба мактаб намемонанд ва духтарони ноболиғро ба шавҳар медиҳанд».

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шавҳар додани духтарони ноболиғ ва хуб омода накардани ҷавононро аз сабабҳои асосии вайрон шудани оилаҳои ҷавон арзёбӣ намуда, аз ҷумла иитилоъ дод, ки «дар давоми солҳои охир беш аз 33 ҳазор ақди никоҳ ба тариқи судӣ ва зиёда аз 11 ҳазор тавассути мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бекор карда шудааст ва аз ҷониби судҳо 234 ҳолати никоҳи духтарони ноболиғ ошкор гардидааст».

Дар лоиҳаи қонун ҳамчунин баъзе чораҳои дигар низ пешбинӣ карда шудаанд, ки танҳо ба манфиати наврасону ҷавонон равона шуда, барои пешгирӣ намудани онҳо аз таъсири ҳар гуна зуҳурот ва амалҳои номатлуб мусоидат менамоянд.

Аз ҷумла пешбинӣ шудааст, ки падару модар баъди таваллуди фарзанд ўро ҳатман аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд.

Аз тарафи фарзанди ноболиғ тамошои филмҳо ва бозиҳои компютерӣ, ки хусусияти зўроварӣ, экстремистӣ, террористӣ ва ғайриахлоқӣ доранд ва дар вақти шабона рафтани онҳо ба марказҳои дилхушӣ қатъиян манъ карда мешавад.

Ҷавобгарӣ барои фурўши машруботи спиртӣ ба ноболиғон, инчунин роҳ додани онҳо ба марказҳои дилхушӣ, хусусан шабона пурзўр карда мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар, хусусан ҷавонону наврасонро бори дигар ба ифтихору сарфарозӣ ва қадрдонӣ аз арзишҳои волои худ чун чеҳраи хоси миллӣ, забони ширину шевои шоирона, таърих, адабиёт ва фарҳанги ғановатманд, мазҳаби таҳаммулгаро, расму оини миллӣ, инчунин аз муҳити хонавода то шаҳрдориву давлатдорӣ ва дар ҳифзи аслу насаб ва ҳуввияти худ ба ҳушёриву бедорӣ даъват намуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки падару модарон дар ҳидояти фарзандони худ ба роҳи дуруст, анҷоми амалҳои хайру савоб, омўзиши илму ҳунар ва техникаву технологияҳои муосир ва ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Тоҷикистони азиз ҷаҳду талош мекунанд.

Дар қисмати дуюми ҷамъомад миёни Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли нишаст доир ба такмилу тасҳеҳи лоиҳаи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маҳфили ошкорои саволу ҷавоб баргузор шуд.

Аз ҷумла Раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев, Раиси Шўрои уламои дин Мукарам Абдуқодиров ва чанд нафари дигар аз имом хатибони масҷидҳои ҷомеъ, шоирони маъруф Гулназар Келдӣ ва Аскар ҳаким ва дигар шахсиятҳои шинохта таклифу пешниҳодҳои гуногун ба миён гузоштанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо ва ҳамаи аҳли ҷомеа, пеш аз ҳама олимону омўзгорон ва умуман аҳли зиёи кишвар даъват намуд, ки таклифу дархост ва эроду пешниҳодҳои худро бо истифода аз тамоми имкону воситаҳои алоқа, аз ҷумла почта, радиову телевизион, дигар расонаҳои хабарӣ ва интернет ба ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд, то ки лоиҳаи қонуни мазкур хуб такмил дода шавад ва ба мардуми кишвар солиёни дарозу асрҳо хизмат кунад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520