Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

03.12.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурўҳ кадрҳои мақомоти корҳои дохилиро, ки барои таъин шудан ба вазифаҳои роҳбарӣ пешниҳод шудаанд, барои сўҳбат ба ҳузур пазируфт.

Зимни сўҳбат барои таъини кадрҳои роҳбарӣ дар раёсату шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар вилоятҳо ва як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат мувофиқат ҳосил шуд, аз ҷумла доир ба Сардори Раёсати навташкили корҳои дохилӣ дар ноҳия ва минтақаи Рашт таъин кардани Мустафоқул Рустамов ва Муовини аввали Сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд таъин шудани Ҳотамҷон Додобоев.

ҳамчунин сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии як қатор шаҳру ноҳияи тобеи марказ, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон иваз карда шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз талаботи давлату ҳукумат доир ба таъмини волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои вазнину муташаккил ва вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ёдовар шуда, онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ва баланд бардоштани савияи донишу маҳорати касбӣ ва ба ҳушёрию зиракӣ дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияташон ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520