Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусоҳиба бо хабарнигорони моҳномаи «Вашингтон дипломат»-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

03.12.2010 16:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони моҳномаи «Вашингтон дипломат» - и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мусоҳиба орост.

Хотиррасон бояд намуд, ки ин нашрия моҳе як бор дар шаҳри Вашингтон - пойтахти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нашр гардида, ба доираҳои дипломатӣ ва сохторҳои сиёсӣ, молиявӣ, тиҷоратӣ, илмӣ-тадқиқотии ин кишвар ва зиёда аз 180 давлати ҷаҳон дастрас карда мешавад. Маводи ин моҳнома ҳамчунин тавассути сомонаи интернетии он дастраси миллионҳо нафар хонандагон мебошад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои сершумори хабарнигорони амрикоӣ оид ба нақши Тоҷикистон дар таъмини амнияту субот дар минтақа, пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои аз Афғонистон сарчашмагиранда, рафъи мушкилот дар роҳи ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар, истифодаи босамар аз захираҳои фаровони табиӣ ва татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон посух дод.

ҳайати эҷодии моҳнома тасмим гирифтааст, ки дар яке аз шумораҳои наздики он мусоҳибаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва як силсила мақолаю гузоришҳоро дар бораи Тоҷикистон ба чоп расонанд.

Хабарнигорони амрикоӣ ҳамчунин тасмим доранд, ки як барномаи муфассали телевизионӣ таҳия намуда, аз тариқи телевизиони «MHZ worldview» пахш намоянд.

Чунонки аён шуд, ҳадафи онҳо шиносоии бештару беҳтари Тоҷикистон, аз ҷумла сарватҳои табиӣ, имконоти ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ва осори фарҳангию зебоиҳои кишвари афсонавии мо ба оламиён аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520