Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Шўрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми Рушди Тоҷикистон

03.12.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шўрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми Рушди Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.

Барои ширкат дар ин ҷаласа, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бўстонсарои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ҳамчунин Ноиби Президенти Бонки осиёии рушд Сяоу Жао, Директори стратегия ва амалиётҳои Бонки ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Аҳлерс, Муовини директори бахши минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳаолянг Сю, Директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Рене Вебер ва намояндагони дигар созмонҳою кишварҳои мададрасони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷамъ омадаанд.

Дар ин ҷаласа рафти татбиқи афзалиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қадамҳои ояндаи он дар ин самт баррасӣ мегарданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ, доир ба ҷараёни татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон ва ҳадафҳои Рушди ҳазорсола изҳор намуд: - «хусусияти асосии мархалаи хозираи рушд дар он аст, ки мо ба ҳадди муайяни афзоиши миқдорӣ ноил гардидем ва ҳоло бояд давраи сифатан нави рушд оғоз ёбад» ва таъкид дошт «чунин таҳаввул муносибати комилан нави консептуалиро ба масъалаи рушд талаб менамояд, ки зимни он манфиатҳои наслҳои имрўзаву оянда бояд ба инобат гирифта шаванд».

Ислоҳоти идоракунии давлатӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҷалби инвеститсияҳо ва инкишофи нерўи инсонӣ аз роҳҳои асосии татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат оид ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ арзёбӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки “аз замони Форуми рушди соли 2007 Ҳукумати Тоҷикистон кўшишу талош намуд, ки бо вуҷуди таъсири манфии бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва дигар омилҳои берунӣ суботи иқтисодиро нигоҳ дошта, ислоҳотро дар тамоми самтҳои иқтисоди миллӣ таъмин намояд”.

Ба иттилои Сарвари давлат, ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти воқеӣ дар Тоҷикистон давоми чор соли охир 28 фоиз афзоиш ёфта, ба ҳисоби миёнаи солона 6,4 фоизро ташкил додааст. “Соли 2010 сатҳи таваррум дар муқоиса бо соли 2007 тақрибан 4 маротиба паст гардид”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Чунонки зикр гардид, “барқарорсозии иқтисодиёт ва ноил шудан ба сатҳи устувори макроиқтисодӣ имконият дод, ки сатҳи камбизоатӣ аз 72 фоизи соли 2003 то 47 фоизи соли 2009 коҳиш ёбад ва дар назар аст, ки тамоюли коҳиши камбизоатӣ солҳои минбаъда низ идома ёфта, нишондиҳандаи он дар соли 2012 ба 41 фоиз расонида шавад”.

Дар қисмати ифтитоҳии форум ҳамчунин Ноиби Президенти Бонки осиёии рушд Сяоу Жао, Директори стратегия ва амалиётҳои Бонки ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Аҳлерс, Муовини директори бахши минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳаолянг Сю ва Директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Рене Вебер суханронӣ намуда, ба дастовардҳои Тоҷикистон доир ба рушд ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум баҳои мусбӣ доданд. Аксари онҳо таваҷҷўҳи бевосита ва ғамхории доимии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро омили муҳим дар ноил шудан ба нишондодҳои пешрафт арзёбӣ намуда, омодагии ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони дигари рушди Тоҷикистонро барои идома ва густариши дастгирии ин раванд таъкид доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520