Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот Сарвазири Шўрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Вен Ҷибао

25.11.2010 10:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шўрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Вен Ҷибаоро, ки ҳамчунин бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанба ва босуръат рушдёбандаи Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд.

«Ҷумҳурии Мардумии Чин – ҳамсояи наздик, дўсти содиқ ва шарики боэътимоди мост», - изҳор дошт дар оғози сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуд: «таҳким ва густариши робитаҳои дўстона бо давлати Чин аз самтҳои афзалиятнок дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон буд, ҳаст ва хоҳад монд».

Вен ҷибао дар навбати худ изҳор дошт: «Ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба таҳкими истиқлоли давлатии кишвар ва рушди иқтисодиёти он равона гаштаанд, дастгирӣ менамояд».

Аз мўҳтаво ва суръати рушди муносибатҳои дўстонаи ҳамсоягӣ, ки «ҳамоҳанг бо талаби замон ва дорои дурнамои умедбахш барои густариши минбаъда» арзёбӣ гардид, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Аз афзоиши бемайлони ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар низ қаноатмандӣ зоҳир карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Чин барои сармоягузории лоиҳаҳои стратегӣ, ки барои Тоҷикистон аҳамияти ҳаётӣ доранд, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика ва роҳсозӣ арзи сипос карда, ҳамчунин изҳори боварӣ намуд, ки чунин ҳамкорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои нави зербиноӣ идома хоҳад ёфт.

Гуфтугўйи судманд ҳамчунин доир ба муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла дар чаҳорчўби Созмони Ҳамкории Шанхай сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520