Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Раҳимӣ

24.11.2010 19:00, шаҳри Душанбе

Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Раҳимӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд.

Таваҷҷўҳи зиёд ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ ва технологӣ зоҳир карда шуд.

Ҳамкории бунёдӣ дар арсаҳои энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, ҳамлу нақли транзитӣ, аз ҷумла барои бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерўгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерўи барқ, корхонаҳои муштараки саноатӣ ва ворид намудани технологияҳои муосир аз ҷанбаҳои муҳимтарини муносибатҳои Тоҷикистону Эрон маънидод гардид.

Ба иттилои Муҳаммадризо Раҳимӣ, роҳбарияти Эрон тасмим гирифтааст, ки барои густариши ҳамкории бунёдии иқтисодӣ ва техникию технологӣ бо Тоҷикистон тамоми имконоти беш аз 6 ҳазор корхонаҳои саноатӣ ва марказҳои илмию технологии вилояти Хуросони он кишварро ҷалб намояд.

Тасмим гирифта шуд, ки барои ҳарчи зудтар ва босамар татбиқ намудани тамоми тавофуқоте, ки миёни ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ, ба даст омадаанд, тадбирҳои судбахш амалӣ карда шаванд.

Қарор карда шуд, ки парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар ҳамарўза ба роҳ монда шаванд, зеро 4 парвоз дар як ҳафта, ки имрўзҳо амалӣ мегардад, нокифоя аст.

Ҷонибҳо ба қарор омаданд, ки робитаҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, аз ҷумла барои омодасозии кадрҳои баландпояи мавриди ниёз, пеш аз ҳама мутахассисони муҳандисӣ – техникӣ ва табибони ҷарроҳ густариш дода шавад.

Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба таҳкими ҳамгироӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520