Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ

24.11.2010 16:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рўз мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо меҳмонони воломақом, ки барои иштирок дар ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, идома ёфт.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Ризо Гелониро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.

«Мо шодем, ки муносибатҳои Тоҷикистону Покистон имрўз дар авҷи густариши худ қарор доранд», - изҳор дошт дар оғози сўҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Юсуф Ризо Гелонӣ низ аз густариш бесобиқа пайдо намудани равобиту ҳамкории судманди Тоҷикистону Покистон изҳори хушнудӣ намуд.

Чунонки таъкид гардид, ба фаъолият шурўъ намудани шоҳпули мошингарди Панҷи поён, кушода шудани хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбею Исломобод ва пайдо шудани дигар имконоти нави ҳамкорӣ барои густариши робитаҳои мутақобилан судманд заминаи мусоид ба миён овардаанд.

Аз тасмимоти нави ҷониби Покистон доир ба бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла як корхонаи бузурги сементбарорӣ ва омодагии устувори ин кишвар ба иштирок дар татбиқи бисёр лоиҳаҳои соҳаҳои энергетика, саноат ва нақлиёту коммуникатсия изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҳавасмандии ҳарду ҷониб ба татбиқи лоиҳаи КАСА – 1000 оид ба кашидани хатти 500 киловолтаи интиқоли нерўи барқ аз Тоҷикистон ба Покистон аз тариқи қаламрави Афғонистон таъкид гардид.

Бунёди корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук ва хўрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кўҳӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дорусозӣ ва робитаҳои илмию техникӣ дорои суди муштарак маънидод гардид.

Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба густариши ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар чаҳорчўби Созмони ҳамкории Шанхай ва Чоргонаи Душанбе миёни Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистону Русия зоҳир карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520