Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов

24.11.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимовро, ки бо сафари расмӣ ва баҳри иштирок дар ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили муносиботи гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистон, пеш аз ҳама мавзўи ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва техникию технологӣ, баррасӣ шуд.

Бо ёдоварӣ аз комёбиҳои Қазоқистон дар дохил ва хориҷи кишвар ва аз мақоми хоси ин давлат дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз тавсиаи ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратии ду кишвар дар солҳои охир изҳори қаноатмандӣ намуд. Зикр гардид, ки дар 10 моҳи соли равон ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар ба беш аз 240 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд, ки нисбат ба нишондодҳои ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.

Аз мўҳтавои муносиботи сиёсии миёни ду кишвар, аз ҷумла равобити сатҳи олӣ ва робитаҳои судманди иҷтимоию фарҳангӣ, илмию техникӣ, бонкӣ, гумрукӣ ва ғайра низ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

ҳамзамон бо ин фаъол намудани Фонди муштараки Тоҷикистону Қазоқистон, ки бо сармояи 100 миллион доллари амрикоӣ мувофиқат барои таъсисаш соли 2008 зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон миёни сарони ду давлат ба даст омада буд, зарур шумурда шуд. Фаъолияти бештари Шўрои байнидавлатии ҳамоҳангсозӣ, ки низ пас аз ҳамон сафар миёни ду кишвар таъсис ёфта буд, матлуб дониста шуд.
Таваҷҷўҳи зиёд ба густариши ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, хусусан дар самтҳои нақлиёту коммуникатсия, энергетика, истифодаи босамари захираҳои обӣ ва ҳифзи муҳити зист зоҳир карда шуд.

Гуфтугўйи судманд ҳамчунин атрофи масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчўби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дигар созмонҳои қаламрави собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520