Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулҳодӣ Арғандивол

24.11.2010 12:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулҳодӣ Арғандиволро, ки баҳри иштирок дар ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанба ва ҳусни ҳамсоягии Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд.

Аз пайвастагии робитаҳо миёни сатҳу зинаҳои гуногуни ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таваҷҷўҳи зиёд ба тезондани татбиқи лоиҳаҳои бузургҳаҷми зербиноӣ доир ба бунёди хатҳои интиқоли нерўи барқ, роҳҳои оҳану мошингард, густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, рушди ҳамкории минтақавӣ ва боло бурдани қудрати транзитии Тоҷикистону Афғонистон зоҳир карда шуд.

Мавзўи муҳими дигар тавсиаи ҳамгироӣ дар чаҳорчўби Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Конфронси Исломӣ, муносиботи сеҷонибаи Тоҷикистону Афғонистону Эрон ва дар чаҳорчўби Чоргонаи Душанбе, яъне Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия буд.

Гуфтугўйи судманд ҳамчунин доир ба таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва пурзўр намудани мубориза бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520