Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Муратбек Иманалиев

22.11.2010 19:00, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Муратбек Иманалиевро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили омодагӣ ба ҳамоиши сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки рўзи 25 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ шуд.

«Ҳамкорӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай барои кишвари мо яке аз афзалиятҳои асосӣ ба шумор меравад», - изҳор намуд дар оғози сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид дошт, ки «Тоҷикистон ҷонибдори таҳкими имконоту қудрати ин созмон аст ва барои ин аз ҳама иқдому ташаббусҳои судманд пуштибонӣ хоҳад кард».

Муратбек Иманалиев аз омодагии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ва таваҷҷўҳи хоси роҳбарияти кишвар ба ҳамоиши мазкур изҳори хушнудӣ намуда, ёдовар шуд, ки дар зарфи 4 соли охир бори дуюм аст мулоқоти сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоиши мазкур барои таҳкими амнияту субот дар минтақа, рафъи мушкилот дар роҳи ҳамкории минтақавӣ ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои гуногуни судбахш заминаи мусоид мегузорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520