Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз сафирони нав

22.11.2010 14:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони фақулодда ва мухтори 11 давлати хориҷӣ дар Тоҷикистон эътимоднома қабул намуд.

Ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои худро сафирони Ҷум?урии Мисри Араб Муҳаммад ал-ҳадидӣ, Ҷумҳурии Арабии Яман Муҳаммад ал-ҳилолӣ, Ҷумҳурии Алҷазоир Рамдан Мекдуд, Судон Муҳаммад Заруг, Қирғизистон Урмат Саралаев, Финландия хонум Туула Юреля, Словения Хонум Ада Сливник, Боснияву Гертсеговина Эмир Кадонич, Куба Абелардо Феррера, Бангладеш Хандакар Абдусаттор ва Муғулистон Хаваавчийн Аюрзан тақдим намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сўҳбат, ки баъди маросими қабули эътимодномаҳо сурат гирифт, аз ҷумла аз авлавиятҳои мавҷуда дар муносиботи дуҷониба бо давлатҳои номбурда ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки сафирони нави ин кишварҳо баҳри таҳким ва густариши равобити дўстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Онҳо низ дар навбати худ изҳор доштанд, ки баҳри рушди муносиботи судманд бо Тоҷикистон ҷаҳду талош мекунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520