Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири фавқулодда ва мухтори Туркия дар Тоҷикистон Акиф Айҳан

19.11.2010 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Туркия дар Тоҷикистон Акиф Айҳанро бинобар анҷом ёфтани мўҳлати фаъолияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти 4 – солаи дипломатии сафири Туркия дар Тоҷикистон баҳои баланд дод. Акиф Айҳан изҳор дошт, ки минбаъд низ барои таҳкиму густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия саҳми намоён хоҳад гузошт.

Таъкид гардид, ки муносиботи дўстӣ ва ҳамкории ду кишвар, ки шарикони анъанавӣ ба шумор мераванд, дорои дурнамои судбахш мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520