Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сардори Ситоди Артиши Ҳиндустон Виҷай Кумар Синкҳ

11.11.2010 19:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сардори Ситоди Артиши Ҳиндустон Виҷай Кумар Синкҳро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ шуд.

«Мақоми муҳим доштани ҳамкории низомии Тоҷикистону ҳиндустон дар муносибатҳои дўстонаи ду кишвар нишонаи шарикӣ ва эътимод аст», - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Аз сатҳи баланди муносибатҳо ва пайвастагии робитаҳои сиёсии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Мубодилаи иттилооту таҷриба дар муборизаи байналмилалии зиддитеррористӣ, кўмакрасонии техникӣ ва омодасозии кадрҳо барои қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз самтҳои асосии ҳамкории низомии ду кишвар арзёбӣ гардид.

Гуфтугўйи судманд ҳамчунин атрофи авзои кунунии Афғонистону таъсири манфии он ба кишварҳои ҳамсоя ва тадбирҳои муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон доир ба таҳкиму тақвияти амнияти минтақавӣ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520