Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори Хадамоти федералии амнияти Федератсияи Русия Александр Бортников

09.11.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Хадамоти федералии амнияти Федератсияи Русия Александр Бортниковро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, пеш аз ҳама, дар самти таҳкими амнияти минтақавӣ баррасӣ шуд.

Таваҷҷўҳи асосӣ ба тақвият ва густариши ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мубодилаи иттилооти фаврӣ миёни сохторҳои марбутаи ду кишвар зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Русия дар ин самти ҳамкорӣ шарикони табиии стратегӣ мебошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520