Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби президенти Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Киёши Кодера

09.11.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Киёши Кодераро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории босамари дуҷониба баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ аз соли 1993 оғоз ёфта, дар ин мўҳлат аз ҷониби он ба кишвари мо 140 миллион доллари амрикоӣ грант ва 41 миллион доллари амрикоӣ кўмаки техникӣ ҷудо шудааст. Айни ҳол ҳамасола ба Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 14 миллион грант ва 4 - 5 миллион доллари амрикоӣ кўмаки техникӣ ҷудо карда мешавад.

Бо вуҷуди ин таъкид гардид, ки миёни Тоҷикистону Япония имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ ҳанўз хеле зиёданд.

То имрўз ҳамкории Тоҷикистону Япония асосан дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, рушди зербинои иқтисодӣ, сохтмону таҷдиди роҳҳо, рушди деҳоту тақвияти имконоти кишоварзӣ ва ҳамгироӣ баҳри пешгирӣ аз гармшавии иқлим сурат гирифтааст.

Ба гуфти Киёши Кодера, пешниҳодоти Тоҷикистон доир ба иштироки Япония дар татбиқи лоиҳаҳои бузургҳаҷми минтақавӣ барои сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, нерўгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли нерўи барқ мавриди омўзиш қарор доранд.

Зимни сўҳбати пурмўҳтаво ҷонибҳо омодагии устувори худро баҳри густариши минбаъдаи ҳамкории судбахш таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520