Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Шўрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

09.11.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қисмати ифтитоҳии ҷаласаи 29 – уми Шўрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони ин ҷамъомадро аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва аз давлатҳои Фаронса, Олмон ва Италия, ки шарикони аврупоии шўрои мазкур мебошанд, хайрамақдам гуфта, барояшон дар Тоҷикистон кори босамар ва будубоши форам таманно намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз пасомадҳои бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ки ба сиёсати давлатҳо низ таъсир расондааст ва «ба яке аз воситаҳои асосии бозиҳои геополитикии баъзе нерўҳои сиёсӣ табдил ёфтани терроризм» изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт: - «террорист ватан, миллат, дин ва мазҳаб надорад ва ба роҳ мондани сиёсати дугона нисбат ба нерўҳои террористӣ дар ҳама ҳолатҳо бояд қатъиян маҳкум карда шавад».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки татбиқи амалии қатъномаи №1377 Шўрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки терроризм ва кишварҳои пуштибони онро аз ҷомеаи ҷаҳонӣ берун мегузорад, «басо муҳим» арзёбӣ намуд.

Дар суханронӣ изҳор гардид, ки дар шароити алоқамандӣ ва вобастагии глобалии тамоми ҷаҳон ҳеҷ як давлат наметавонад амнияти худро ба танҳогӣ таъмин карда, аз таъсири аъмоли террористию экстремистии дар дигар нуқоти олам рухдода эмин бошад.

Бо назардошти дастовардҳои навтарини илму техника идомаи муҳайёсозии заминаи ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи технологияҳои муосир, қабл аз ҳама технологияҳои иттилоотӣ зарур шумурда шуд. Таъкид гардид, ки барои ҳифзи боэътимоди фазои иттилоотии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бояд чораҳои муассир амалӣ карда шаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таҳкиму густариши ҳамкории иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии ҷомеаро роҳи асосии решакан кардани шароит ва сабабҳои эҷодкунандаи терроризму экстремизм арзёбӣ намуд.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, «барои афзоиши самарабахшии муборизаи муштарак бо чунин таҳдиду хатарҳо боварии байниҳамдигарӣ, ҳамфикрию ҳаммаромии миёни мақомоти амнияту хадамоти махсус ва ҳамоҳангсозии амалиёти онҳо бояд тақвият ёбад». Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид дошт, ки «дар амалиётҳои муштараки зиддитеррористӣ бояд ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир афзалият дода шавад».

Эмомалӣ Раҳмон аз нақши сипарии Тоҷикистон чун кишвари пешгирикунандаи паҳншавии терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз Афғонистон ёдовар шуда, аз ҷумла иттилоъ дод: - «дар зарфи 10 сол дар Тоҷикистон зиёда аз 68 тоннаю 300 кг маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 28,5 тоннаи онро героин ташкил медиҳад». Ба андешаи Сарвари давлати Тоҷикистон «ин миллиардҳо доллари ба дасти қочоқчиён ва террористону экстремистон нарасида ва миллионҳо ҳаёти наҷотёфта мебошад». Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, «дар натиҷаи ҳамкории босамари сохторҳои дахлдори Тоҷикистону Афғонистон бевосита дар ҳудуди ин кишвари ҳамсоя 19 лабораторияи истеҳсоли героин несту нобуд ва 7 тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст». Таъкид гардид, ки барои афзун намудани самаранокии мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир ҳамчунин тадбирҳои муштараки сохторҳои дахлдори кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус барои бартараф намудани аъмоли ҷиноии гурўҳҳои трансмиллӣ, бояд тақвият дода шаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз заминаи қавии қарордодию ҳуқуқӣ миёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҳам бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Япония, Ҳиндустон, Эрон ва Туркия изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкории ин кишварҳо дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ босамар хоҳад буд.

Дар қисмати ифтитоҳии ҷаласа ҳамчунин раиси Шўрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил- Директори Хадамоти федералии амнияти Русия Александр Бортников суханронӣ карда, аз ҷумла ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ин ҳамоиш ва баён намудани андешаҳои ҷолибу омўзанда арзи сипос кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520