Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар қисмати ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесу»

05.11.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Дар Кохи Борбади пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қисмати ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесу» баргузор гардид.

Қабл аз оғози ин чорабинии бошукўҳи фарҳангӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсули кори ҳунармандони мардумӣ, ки дар пешдолони даромадгоҳи Кохи Борбад ба роҳ монда шуда буд, дидан карда, бо аҳли ҳунари шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон сўҳбатҳои дилнишин анҷом дод.

Дар намоишгоҳ анвои гуногуни либосҳои миллии занонаю мардона ва кўдакона, аз ҷумла пероҳану тоқиҳои гулдўзию зардўзӣ, ҷўробу пойафзоли мухталиф ва ҳам асбобҳои миллии мусиқӣ, зарфҳои рангоранги зебо, матоъҳои миллии тоҷикӣ ва ғайра дар маърази тамошобинон қарор доштанд. Зимни боздид аз намоишгоҳи шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода шуд, айни ҳол дар корхонаи Атласи Хуҷанд 30 намуд матои атлас истеҳсол карда мешавад ва то ҷашни солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон истеҳсоли боз 4 – 5 намуди дигари ин матои зебои тоҷикӣ ба роҳ монда мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба намоишгоҳи маҳсулоти заргарӣ низ таваҷҷўҳи хос зоҳир намуда, дастур дод, ки барои рушду нумуи ин соҳа ва афзун намудани даромаднокии он тадбирҳои судбахш андешида шаванд ва таъкид дошт, ки «дар Тоҷикистони зархези мо барои рушди заргарӣ ва ба яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисоди миллӣ табдил додани он тамоми шароити зарурӣ мавҷуд аст».

Намоишгоҳи маҳсулоти хўрокворӣ низ, ки нишона аз ҳунари волои бонувони кадбонуи тоҷик аст, басо рангину дилрабо буд.

Барои иштирок дар қисмати ниҳоӣ ва ё ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесу» ғолибони ин озмун дар маҳалҳо ва беҳтарин иштирокдорони ин барномаи фарҳангӣ аз қисматҳои ҷамоавӣ ва шаҳрию ноҳиявии он даъват шудаанд.

Иштирокдорони қисмати ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесу», ки аксаран духтарону бонувони дорои мўйҳои дароз ва зебою ороишёфтаанд, бо намоиши барномаи дилнишини фарҳангӣ кўшиш ба харҷ доданд, ки чор фасли соли табиати биҳиштосои Тоҷикистон, либосу ороишоти миллии занона ва фарҳанги волои рақсу суруди тоҷикиро пешкаши бинанда созанд.

Аз кафкўбиҳои бардавоми бинандагон, шодию нишот ва дилхушии бепоёни онҳо ҳар лаҳза аён мегашт, ки созмондиҳандагон ва иҷрокунандагони ин намоиши бошукўҳи фарҳангӣ, ки бо намояндагӣ аз тамоми гўшаю канори Тоҷикистони азиз ҳунарнамоӣ доштанд, ҳадафи дар назди худ гузоштаро ба хубӣ иҷро намудаанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо таассуроти бепоёни фораму дилнишин аз ин намоиши пурҷилои фарҳангӣ ва гесувони дарозу зебои духтарону бонувони тоҷик ба ҳамаи онҳое, ки дар таҳия ва пешкаш кардани он саҳм гузоштаанд, самимона арзи сипосу миннатдорӣ кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520