Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар конференсияи илмию амалии байналмилалӣ «Мақомоти назорати конститутсионӣ дар шароити ҳамгироии системаҳои ҳуқуқӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва амалияи Тоҷикистон»

04.11.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар конференсияи илмию амалии байналмилалӣ «Мақомоти назорати конститутсионӣ дар шароити ҳамгироии системаҳои ҳуқуқӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва амалияи Тоҷикистон» иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар конференсияи мазкур, ки дар арафаи солгарди навбатии қабули Конститутсияи Тоҷикистон ва 15 – солагии таъсиси Суди конститутсионии кишвар баргузор мегардад, ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ оид ба назорати конститутсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла Комиссияи венетсиании Шўрои Аврупо, Конфронси мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи ҷавон, намояндагони воломақоми судҳои конститутсионии як қатор кишварҳои ҷаҳон, ба мисли Арманистон, Латвия, Литва, Молдова, Муғулистон, Олмон, Озарбойҷон, Федератсияи Русия, Эстония, Туркия, Украина ва намояндагони парлумону ҳукумат ва роҳбарони мақомоти судии Тоҷикистон иштирок доранд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нахуст мардуми Тоҷикистонро бо арафаи солгарди навбатии қабули Конститутсияи кишвари соҳибистиқлоламон табрику таҳният ва меҳмонони Конфронси байналмилалии бахшида ба 15-умин соли ташкили Суди конститутсионии Тоҷикистонро хайрамақдам гуфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз даврони таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, муҳокима ва қабули он, ки ба рўзҳои басо вазнину сангини таърихи навини кишвари азизи мо рост омада буд, ёдовар шуда, бо ифтихор изҳор дошт, ки бо вуҷуди вазъи ногувори ҳарбӣ сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии онвақтаи кишвар, «қонуни асосии мо дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дуюмин Конститутсияи бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда буд».

Чунонки таъкид гардид, «Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд».

Ба гуфти Сарвари давлат, «дар давоми шонздаҳ сол мардуми Тоҷикистон дар зиндагиву фаъолияти ҳаррўзаи худ бовар ҳосил карданд, ки Конститусияи мо ифодагари манфиатҳои олии миллату Ватан, муайянкунандаи низоми устувори давлатдорӣ ва сохтори идораи ҷомеа, кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъминкунандаи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, тамомияти арзӣ, волоияти қонун ва фаъолияти муназзами мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад».

Дар суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор гардид, ки «ҳар як шаҳрванди мамлакат ин санади тақдирсозро азизу муқаддас мешуморад, зеро он ҳуқуқу озодиҳои ҳар кадоми онҳоро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, ҳифзи қонунии як силсила ҳуқуқҳои фитрии инсон, аз ҷумла дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус, инчунин озодии виҷдону эътиқод ва дигар ҳуқуқу озодиҳои ўро кафолат медиҳад».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки «Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати барномавии ҳаёти давлат ва ҷомеа дурнамои пешрафти кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистонро барои солҳои тўлонӣ пешбинӣ намуда, ба мардуми мо бардавому поянда хизмат мекунад ва дар навбати худ мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ ба хотири амалӣ гаштани ин орзую ормонҳои нек, пеш аз ҳама тавассути эҳтиром ва риояи дақиқи меъёрҳои он қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона адо мекунанд».

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин нақши ҳокимияти судӣ, хусусан Суди конститутсиониро дар татбиқи меъёрҳои Конститутсия, пеш аз ҳама дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон чун арзиши меҳварии низоми демократӣ бағоят муҳим арзёбӣ намуда, аз иштирокдорони конфронси мазкур, ба хусус намояндагони мақомоти судӣ ва ҳуқуқшиносони кишвар даъват намуд, ки аз имконоти дар ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ фароҳамомада баҳри омўзиши таҷрибаҳои ҷаҳонӣ босамар истифода баранд.

Дар қисмати ифтитоҳии ин ҳамоиш ҳамчунин Раиси Конфронси мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи ҷавон – Раиси Суди конститутсионии Арманистон Гагик Арутюнян суханронӣ намуда, ба нақши Тоҷикистон, конститутсияи он ва Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон дар эҷод ва тарғибу ташвиқи волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳои истиқлоли давлатӣ ва муносиботи байнидавлатию байналмилалӣ баҳои баланд дод.

Дар охири қисмати ифтитоҳии конференсия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар меҳмонони бурунмарзии ҳамоишро ба сарзамини бостонии тоҷикон хайрамақдам гуфта, барояшон дар Тоҷикистон кори пурсамар ва будубоши фораму дилнишинро таманно намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520