Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ дар як қатор мақомоти ҷумҳуриявию маҳаллӣ

11.05.2012 12:00

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор тағйироти кадрӣ ворид намуд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирулло Холов Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон ва Мирзохон Сангов Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таъин гардиданд.

Раиси пешини ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон Малика Шукурова бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа озод карда шуд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Руҳуло Ҳакимов, ки то имрӯз раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон буд, Муовини вазири молия таъин карда шуд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло Назиров Муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Шарифҷон Раҷабов Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Раҳматулло Таваров Сардори Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъмории Агентии сохтмон ва меъморӣ таъин шуданд.

Худоберди Холиқназаров бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сайфулло Сафаров ва Фарида Муминова муовинони директори ҳамин марказ таъин карда шуданд.

Тағйироти кадрӣ, ҳамчунин дар ҳайати роҳбарии як қатор муассисаҳои таҳсилоти олӣ ворид карда шуд.

Раҳматулло Мирбобоев Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки дар натиҷаи муттаҳидсозии Донишкадаи молия ва Донишкадаи иқтисод таъсис дода шуд, таъин гардид.

Ҳамчунин таъин шуданд:

- Диловар Қодиров - Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат;

- Ғафур Усмонов - Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров;

- Ҷамшед Ҷӯрабоев - Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;

- Маҳмад Шодиев - Ректори Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав;

- Имомёрбек Қаландарбеков - Ректори Донишгоҳи Давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев;

- Сулаймон Давлатов - Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит.

Осим Каримов, Файзалӣ Комилов, Ваҳоб Набиев, Тағайбобо Шукурзод, Гулхоҷа Ҷангибеков ва Умаралӣ Назаров, ки ректорони пешини Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит буданд, бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод карда шуданд.

Чордаҳ нафари дигар ба вазифаҳои гуногун дар мақомоти судӣ ва корҳои дохилӣ таъин шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520