Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Халид Усмон Кайсарро ба ҳузур пазируфт.
Халид Усмон Кайсар дар оғози мулоқот ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъватномаи Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардориро тақдим намуд. Осиф Алӣ Зардорӣ Эмомалӣ Раҳмонро даъват намудааст, ки ба Покистон сафари расмӣ анҷом бидиҳад.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон, ки солҳои ахир рў ба инкишоф ниҳодаанд, баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба роҳбарият ва мардуми Покистон бинобар обхезии шадид, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ ва хисороти беандозаи иқтисодӣ гаштааст, изҳори ҳамдардию тасаллият карда, таъкид дошт, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ба осебдидагони ин офати табиӣ кўмаки башардўстона расонад.
Таваҷҷўҳи зиёд ба рафти иҷрои санадҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла тавофуқоти чорҷонибаи Тоҷикистону Покистон ва Афғонистону Русия зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки корҳо баҳри бунёди роҳҳои нави оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерўи барқ аз Тоҷикистон ба Покистон аз тариқи қаламрави Афғонистон бояд тезонда шаванд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва ҳамгироии байналмилалии ду кишвар гуфтугў сурат гирифт.