Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Дабири кулли Паймони Атлантикаи шимолӣ (НАТО) Роберт Симмонсро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону НАТО баррасӣ шуд.
Муҳокимаи вазъи кунунӣ ва дурнамои Афғонистон, ҳамгироӣ дар мубориза бо хатарҳои терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва масоили интиқоли транзитии борҳои ғайринизомии НАТО аз қаламрави Тоҷикистон аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд.
Аз ҳамкории дуҷониба дар чаҳорчўби барномаи «Шарикӣ баҳри сулҳ» ва ба имзо расидани Ёддошти тафоҳуми Хазинаи боварии НАТО бо Тоҷикистон доир ба ҳамкорӣ дар нобудсозии аслиҳаи муқаррарӣ ва поксозии ҳудуди Тоҷикистон аз минаҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Густариши ҳамкорӣ баҳри беҳсозии имконоти Тоҷикистон дар пешгирӣ ва рафъи оқибати ҳолатҳои фавқулодда ва ҳамчунин дастгирии бештари нерўҳои марзбон ва дигар сохторҳои дахлдори кишвари мо, ки масъулияти ҳифзи сарҳади тўлонӣ бо Афғонистонро бар ўҳда доранд, матлуб дониста шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба имконоти мусоидат ба рушди ҳамкории минтақавӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт.