Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти умумии №123 дар ноҳияи Рўдакӣ

30.08.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Омўзгорон ва падару модарони гиромӣ!
Фарзандони азиз!

Дар ин лаҳзаҳои хотирмон қаблан ҳамаи шумо - устодону омўзгорон, кормандони соҳаи маориф, хонандагону толибилмон ва ҳозирини гиромиро ба муносибати фарорасии соли нави таҳсил ва бахусус ҷашни муқаддаси истиқлолияти Тоҷикистон самимона табрик менамоям. ҳамчунин мавриди истифода қарор гирифтани боз як мактаби замонавии зебову хуштарҳро, ки гувоҳи возеҳи татбиқи пайгиронаи сиёсати давлат дар соҳаи маориф мебошад, ба ҳамаатон шодбош мегўям.

Шумо хуб медонед, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи маориф афзалият дода, рушду инкишофи онро яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати худ эълон намудааст. Натиҷаи ҳамин аст, ки солҳои охир дар соҳаи маорифи кишвар дигаргуниҳои назаррас ба вуқўъ пайваста, донишу малакаи хонандагони мо тадриҷан рў ба беҳбудӣ ниҳодааст.

Ҳадафи мо аз татбиқи сиёсати пайгиронаи маориф, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоиду замонавии таълиму тарбия, ба камол расонидани насли бедордилу равшанфикр, соҳибмаърифат ва огоҳ аз дастовардҳои илму технологияи муосир, ба ҳаёти мустақилона ва зиндагии шоиста омода намудани ҷавонон ва ниҳоят сафарбар намудани нерўи ҷисмониву ақлонии дастпарварону шогирдони имрўза барои ҳимояи фардои Ватани азизамон ва давлати соҳибистиқлоламон мебошад.

Ба ҳамин хотир мову шумо дар доираи чорабиниҳои Соли маориф ва фарҳанги техникӣ дар маросими ифтитоҳи боз як мактаби наву замонавӣ иштирок дорем, ки фарзандонамон ҳарчи бештар аз дастовардҳои илми муосир, техника ва технологияи замонавӣ, таърих ва забону фарҳанги миллӣ, инчунин забонҳои хориҷӣ баҳравар гарданд.

Мактаби таҳсилоти умумии деҳаи Меҳрободи ноҳия дорои се бинои таълимӣ, 16 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои фаннии лингафониву компютерӣ ва мусиқӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, китобхона, толори варзишӣ бо тамоми шароиту таҷҳизоташ, толори маҷлис, ошхона ва варзишгоҳ мебошад. Мактаби мазкур барои 928 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, бо лавозимоту таҷҳизоти хониш таъмин гардидааст.

Барои сохтмони мактаби мазкур аз ҳисоби лоиҳаи қарзи ҳукумат дар соҳаи маориф зиёда аз 5 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Ба ҳамаи шумо маълум аст, ки пешрафту инкишофи тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, тараққиёти техникаву технологияи муосири ҳар як кишвар ва умуман обрўю нуфузи миллату давлат, пеш аз ҳама, аз дастовардҳои мактабу маориф, таълиму тарбияи шахсияти кордону созанда, эҷодкору фаъол ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа вобаста мебошад. Бинобар ин, ҳукумати мамлакат дар давоми 10 соли охир барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия сохтмони мактабҳо ва бо таҷҳизоту лавозимоти мактабӣ, техникаву технологияи компютерӣ ва иттилоотии замонавӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии мамлакат маблағгузории соҳаи маорифро аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 30 баробар зиёд намудааст.

Барои муқоиса метавон ёдовар шуд, ки танҳо соли гузашта дар саросари мамлакат сохтмону азнавсозии 218 мактаб анҷом ёфта, 40 ҳазор ҷои нишасти хонандагон ба истифода дода шуд.

Аз ҷумла, худи ҳамин сол дар ноҳияи Рўдакӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ чор мактаби нав ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди 9 мактаб барои 2324 ҷойи нишаст бо маблағи қариб 10 миллион сомонӣ сохта шуда истодааст.

Илова ба ин, рўзҳои наздик дар деҳаи Учқул сохтмони мактаби замонавӣ барои 928 ҷойи нишаст ба маблағи умумии қариб шашуним миллион сомонӣ ба охир мерасад ва дар деҳаҳои Нилкон ва Янгиқўрғон бунёди боз ду мактаби дигар барои 1280 ҷойи нишаст идома дорад.

Дар айни ҳол муассисаҳои таълимии ноҳия бо 811 адад компютер таъмин мебошанд. Соли равон 86 нафар мутахассисони ҷавон ба кори омўзгории мактабҳои ноҳия сафарбар карда шуданд, вале ин ҳанўз нисбат ба талабот кам аст. Зеро сафи омўзгорони касбии дорои маълумоти олӣ дар мактабҳо то ба ҳол пурра нест.

Соли 2010 муассисаҳои таълимии ноҳия бо 41 номгўй китобҳои дарсӣ ба миқдори қариб 90 ҳазор нусха таъмин карда шудаанд. Инчунин онҳо барои давраи тирамоҳу зимистони пешомад бо захираи зарурии сўзишворӣ аллакай таъмин гардидаанд, ки ин шоистаи таҳсин аст.

Албатта, ҳамаи тадбирҳои то ба имрўз андешида ҳанўз проблемаҳои мавҷудаи соҳаи маорифро бартараф карда наметавонанд. Яъне барои ба меъёрҳои муосир мутобиқ намудани шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии кишвар ҳоло кори зиёдро анҷом додан лозим меояд.

Вале мехоҳам таъкид намоям, ки барои ҳалли масъалаву мушкилоти соҳаи маориф дар баробари давлату ҳукумат, инчунин падару модарон, соҳибкорону тоҷирон, шахсони баландҳиммату саховатпеша, ташкилоту корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ, ширкатҳо ва умуман аҳли ҷомеа низ бояд саҳмгузор бошанд.

Чунки ғамхорӣ дар ҳаққи маориф - ғамхорӣ барои ояндаи миллат ва ватанест, ки ҳамаи мо дар он зиндагӣ мекунем.

Давлат дар доираи имкониятҳои худ ба кормандони илму маориф минбаъд низ таваҷҷўҳу ғамхории бештар зоҳир намуда, дар самти фароҳам овардани шароит барои таълиму тарбияи наслҳои наврас ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ хоҳад кард. Дар баробари ин, аз шумо, масъулони соҳаи маориф, сарварони мактабҳо ва кулли устодону омўзгорон тақозо мегардад, ки ба раванди таълиму тарбия ҳамчун ҳадафи стратегиву афзалиятноки давлат муносибат намоед.

Аз ин рў, шумо бояд тамоми нерўю маҳорати худро барои тарбияи шогирдони донишманду қобилиятнок, огоҳу соҳибмаърифат, ҷўяндаву эҷодкор ва шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солим ва ахлоқи ҳамида сарф кунед.

Зеро насли наврас ва ҷавонон қувваи бузург, такягоҳи боэътимод ва ояндаи миллату давлат буда, бо ҳидояту роҳнамоии шумо бояд рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандии худро дарк намоянд ва мақому эътибори давлати соҳибистиқлол ва миллати фарҳангсолори худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва пуштибонӣ карда тавонанд.

Бо мақсади дастгирии мутахассисони ҷавон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супориш дода мешавад, ки бинои озодшудаи мактаби собиқаро таъмир карда, барои муаллимони ҷавон бо ҳамаи шароити зарурии зиндагӣ омода намоянд.

Дўстони азиз!

Ноҳияи Рўдакӣ як пораи водии файзбор ва хушманзараи ҳисор буда, бо табиати зебо, кўҳу пуштаҳои сабзпўш ва замини зархезу ҳуснофаринаш асрҳо боз дили мардумро тасхир месозад. Бозёфтҳои таърихӣ далолат мекунанд, ки дар гузашта мавзеъҳои Чоргултеппа ва Тоҷхон дар канори шаҳраки кунунии Сомониён ҷойгир будаанд ва аз ҷумлаи шаҳрҳои қадимаи ободу зебои ин қаламрав ба шумор мерафтаанд.

Барои мактабиёну ҷавонон дар баробари омўзиши фанҳои дақиқ, техника ва технологияи замонавӣ донистану омўхтани таърихи Ватани худ аз хусусиятҳои беҳтарини ватандўстиву меҳанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ба ҳисоб меравад.

ҳарчанд дороӣ ва шўҳрати ноҳия аз рўдҳои сероб, заминҳои киштбоб ва заҳмати деҳқонони асилаш вирди забонҳо шудааст, вале ин қаламрав ҳанўз чандин садсола пеш макони умед ва манзили охирати як зумра ашхос будааст, ки дар ҷодаи илму адаб, таъриху фарҳанг ва фалсафаю илоҳиёт саҳми муносиб гузоштаанд.

Яке аз чунин афроди шўҳратманд, олим ва муҳаққиқи комил Мавлоно Яъқуби Чархӣ мебошад, ки дар деҳаи имрўзаи ҳазрати Мавлоно мадфун аст.

Маҳз афкори солим ва ҷаҳду талоши ин шахсиятҳои бузург, аз ҷумла Яъқуби Чархӣ буд, ки ғояҳои таҳаммулгароиву башардўстии мазҳаби ҳанафӣ густариш ёфта, дар баробари он ҳифзи асолати фарҳангӣ ва забони модарии мо умри ҷовидона пайдо кард.

Бархилофи гуфтору рафтори баъзе шахсиятҳои рўҳонӣ ин бузургмардон пайравонашонро ба таҳаммулгароиву ҳусни тафоҳум, дурӣ ҷустан аз хушунат, даъват ба сулҳу созандагӣ, муттаҳидиву ҳамдигарфаҳмӣ, дўстиву рафоқат, гузашту бахшиш, ҳамдардиву хайру саховат ва дигар фазилатҳои неки инсонӣ тарғиб мекарданд. қобили зикр аст, ки яке аз муридону шогирдони Мавлоно Яъқуби Чархӣ - ҳоҷа Аҳрори Валӣ бо хайру саховат ва дастгирии бечорагону банданавозиаш шўҳрати бемисл ёфтааст.

Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бори дигар мехоҳам хотирнишон намоям, ки расму оинҳои милливу мазҳабиамон моро ба ваҳдату ҳамгироӣ, раҳму шафқат ва меҳрубониву дастгирӣ ҳидоят намуда, пуштибонӣ ва ҳимояи ятимону бенавоён ва пиронсолону ниёзмандонро як рукни имон ва қарзи инсонии ҳар як мусулмони комил мешуморанд.

Азбаски ноҳияи Рўдакӣ номи падари шеъри оламгири тоҷику форсро дорад ва дар баробари тоҷикон макони зисти миллату халқиятҳои гуногун, аз ҷумла бародарони ўзбек ва русу тотор аст, панду андарзи ин абармарди дунёи ҳикмату адаб дар хусуси баробариву бародарӣ, дўстиву рафоқат ва ҳусни ҳамсоягиву ҳамзистӣ аҳамияти дучанд пайдо мекунад.

Дўстони азиз!

Бо истифода аз ҳузури роҳбарону мутахассисони соҳаҳои гуногун, хоҷагиҳои деҳқонӣ, падару модарон ва намояндагони мардуми ноҳия мехоҳам як масъаларо хотирнишон намоям.

Манбаи асосии пешбурди зиндагии мардум соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғу токпарварӣ, пахтакорӣ, чорводорӣ, парвариши ғалла ва дигар зироату сабзавот мебошад.

Боиси қаноатмандист, ки кишоварзони ноҳия ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода мебаранд ва деҳқонони соҳибтаҷриба аз як қитъа то се ҳосил мегиранд.

Имрўз дар ноҳия ҷамъоварии ғалла, меваю сабзавот ва ғунучини пахта идома дорад. Дар ин шабу рўз вусъат додани кишти такрорӣ, бахусус парвариши сабзавоту кабудӣ чи дар гармхонаҳо ва чи дар ҳавои кушод бояд беҳтар ба роҳ монда шавад, то дар фасли тирамоҳу зимистон ва баҳор бозорҳои пойтахт бо сабзавоту маҳсулоти худӣ доимо таъмин бошанд.

Болоравии нархҳои ҷаҳонии маводи озуқа, бахусус орду ғалла мову шуморо водор месозад, ки бо парвариши навъҳои серҳосили ғалладона эътибори хоса дода, ба рўёнидани ду-се ҳосил аз як қитъаи замин ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳарчи бештар саҳм гузорем.

Таъкид месозам, ки ҳар як оила бо ҳосили парваридааш аввал хонадони худ ва захираи дусолаашро таъмин намуда, сипас маҳсулоти зиёдатиро ба бозор барорад.

Дар ниҳояти сухан ҳамаи шуморо бори дигар ба муносибати ҷашни нуздаҳумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, фарорасии соли таҳсили нав ва ифтитоҳи бинои мактаби нав самимона муборакбод менамоям.

ҳамеша сиҳатманду хонаобод ва сазовори номи баланди фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – устод Рўдакӣ бошед!

Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520