Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон

20.08.2010 19:00, Русия

Аз 18 – ум то 20 – уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон ва анҷом додани вохўриҳои дуҷониба дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия қарор дошт.

Бояд хотиррасон намуд, ки ин дуввумин мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои номбурда аст. Мулоқоти нахустини онҳо бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи июли соли гузашта дар пойтахти кишвари мо баргузор гашт ва бо ин сабаб ин ҳамоиш имрўз бо номи «Чоргонаи Душанбе» - маъруф шудааст.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ва муҳокимаи масоили ҳалталаб баргузор гаштани мулоқоти дуюми чорҷонибаи сатҳи олиро «нишонаи рағбати 4 давлат ба ташкили робитаҳои нави мутақобилан судманди бисёрҷониба ва густариши самтҳои ҳамгироӣ миёни ин кишварҳо» арзёбӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон «вуҷуди фазои сулҳу суботро шарти асосии густариши ҳамкории гуногунҷанба» номида, таъкид дошт, ки «зимни чораҷўиҳо ташкил додани ҷабҳаи муштараки зиддитеррористӣ зарур аст».

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор намуд, ки «бояд мубориза бо интиқоли прекурсорҳои маводи мухаддир пурзўр карда шавад» ва таъкид дошт, ки «ин яке аз роҳҳои хуби коҳиш додани истҳсоли ин маводи марговар хоҳад буд».

Сарвари давлати Тоҷикистон «камбизоатӣ, сатҳи баланди бекорӣ ва ҳал нашудани мушкилоти дигари иҷтимоиро асоси пайдоиш ва густариши терроризму экстремизм» арзёбӣ карда, кишварҳои манфиатдорро ба иштироки васеъ дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар Афғонистон даъват намуд ва инро аз роҳои асосии барқарорсозии ҳаёти осоишта дар ин кишвар маънидод кард.

Эмомалӣ Раҳмон омодагӣ ва ҳавасмандии Тоҷикистонро барои расондани кўмакҳо ба Афғонистон дар шакли омодасозии кадрҳои соҳаҳои гуногуни ин кишвар, интиқоли нерўи барқу маводи сохтмон ва равона кардани бинокорон, табибон, омўзгорон ва дигар мутахассисони тоҷик ба кўмаки бародарони афғон таъкид намуд.

Зимни суханронии сарони дигар давлатҳо низ имкону захираҳои фаровон ва нақши муҳими Тоҷикистон дар расондани кўмакҳо ба Афғонистон ва ҳалли мушкилоти минтақавии энергетикию нақлиётӣ таъкид гардид.

Сарони чор давлат татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории минтақавӣ, аз қабили сохтмони роҳҳои пайвандкунандаи Тоҷикистону Покистон аз тариқи қаламрави Афғонистон ва кашидани хатти 500 – киловолтаи интиқоли нерўи барқро аз Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон, ки бо номи лоиҳаи КАСА – 1000 маъруф аст ва иштироки Федератсияи Русияро дар ин лоиҳа дастгирӣ намуданд.

Аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карда шуд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ба барқарорсозии ҳаёти осоиштаи Афғонистон равонагашта ва дар бартарафсозии оқибатҳои обхезии шадиди Покистон иштироки фаъол дошта бошанд.

Сарони давлатҳо ба мувофиқа омаданд, ки мулоқоти ояндаи чорҷонибаи сатҳи олӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.

Дар шаҳри Сочи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ҳамчунин мулоқотҳои судманди дуҷониба анҷом дод.

Зимни сўҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ масоили кунунии ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Дар оғози сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба Осиф Алӣ Зардорӣ барои оқибатҳои вазнини офатҳои табиӣ дар баъзе манотиқи Покистон ва талафоти зиёди ҷонӣ изҳори ҳамдардию тасаллият намуд.

Аз пайвастагии робитаҳои сатҳи олӣ ва дигар сатҳу зинаҳои миёни сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Покистон, ки тайи як соли ахир ба назар мерасад ва аз тасмимоти зиёд оид ба таҳким ва густариши муносибатҳои дўстона ва ҳамкории мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Фаъолтар намудани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва таҳти назари дақиқ гирифтани рафти иҷрои санадҳои дуҷонибаи имзошуда зарур шумурда шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки «бояд Барномаи мушаххаси дарозмуддати ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, илму техника ва фарҳанг таҳия карда шуда, созишномаи нави тиҷоратӣ ба имзо расонда шавад».

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки айни ҳол ҳамарўза аз тариқи Шерхон Бандар ва Панҷи Поён беш аз 3 ҳазор тонна борҳои покистонӣ ба Тоҷикистон ворид мешаванд ва таъкид карда шуд, ки барои густариши робитаҳои иқтисодӣ тиҷоратӣ имкону захираҳои зиёди мавҷуда бояд хуб истифода шаванд.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба пайвастани роҳҳои оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерўи барқи ду кишвар аз тариқи қаламрави Афғонистон ва ба бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон таъкид намуда, изҳор доштанд, ки баҳри тезондани татбиқи нақшаҳои имрўзаю оянда дар ин самт ҷаҳду талош мекунанд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили вобаста ба муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир гуфтугўйи судманд сурат гирифт.

Дар вохўрӣ бо Дмитрий Медведев маҷмўи масоили ҳамкории дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.

Дмитрий Медведев дар оғози сўҳбат аз баргузорӣ ва натиҷаҳои мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт: «ташаббуси Шумо дар бораи ба роҳ мондани мулоқотҳои чорҷониба ба ман хеле писанд омад, зеро ин ҳамоишҳо дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти минтақавӣ басо муҳиманд ва мо ин гуна робитаҳоро бояд идома диҳем».

Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев «таҳким ва густариши минбаъдаи муносиботи шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии Тоҷикистону Русияро аз ҳадафҳои муштараки роҳбарияти ҳарду кишвар» арзёбӣ намуданд.

Таваҷҷўҳи зиёд ба густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ зоҳир карда шуд.

Тезондани татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодию сармоягузории ду кишвар, аз ҷумла корҳои ҷустуҷуӣ-иктишофӣ дар конҳои газ ва сохтмони нерўгоҳҳои миёнаиқтидори обии барқӣ дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Аз фаъол гаштани филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва омодагӣ ба ифтитоҳи филиалҳои ду мактаби олии дигари Русия дар Тоҷикистон ва марказҳои фарҳангию иттилоотии ду кишвар дар пойтахтҳои ҳамдигар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев як қатор мувофиқаҳои муҳим ба даст омаданд, ки барои рушди муносибатҳои шарикии статегию иттифоқчигӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар аҳамияти бағоят калон доранд.

Аз ҷумла:

- Барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар ҳудуди Русия ва шабакаи РТР планетаи Русия дар қаламрави Тоҷикистон пахш мешаванд;

- Заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии Тоҷикистону Русия оид ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ такмил дода мешавад, аз ҷумла мўҳлати будубоши беқайди шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия аз 3 рўз ба 90 рўз дароз карда мешавад;

- Барномаи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия барои солҳои 2011-2015 ва нақшаи татбиқи он таҳия ва қабул мегардад;

- Қарзи ширкати Барқи тоҷик дар назди нерўгоҳи обии Сангтўда-1 мутобиқи ҷадвали муайяншуда пардохт карда мешавад;

Ҳамчунин қарор карда шуд, ки роҳбарияти сиёсии Тоҷикистону Русия баҳри баррасии масоили муҳими дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ робитаи доимӣ дошта бошанд.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба таҳким ва густариши ҳамкории гуногунҷанба ва муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид намуданд.

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо чанд нафар роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон ва тоҷикистониёни кишвари Краснодари Русия сўҳбат намуда, ба онҳо барои кори намоёнашон дар пуштибонӣ аз ҳуқуқу манфиатҳои ҳамватанон арзи сипос намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520