Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ҷаласаи фаврӣ доир намуд.
Дар ҷаласа масоили вобаста ба фирори 25 нафар ҷинояткори махсусан хавфнок аз маҳбасхона баррасӣ шуд.
Оид ба ҳодисаи рухдода ва тадбирҳои андешидашуда ахбори роҳбарони сохторҳои масъул шунида шуд. Чунонки зикр гардид, ин ҷинояткорон бо ҷурми даст доштан дар амалиётҳои мусаллаҳонаи террористӣ, экстремистӣ ва гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир соли гузашта дастгир ва ҳабс карда шуда буданд.
Бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров ситоди фаврӣ таъсис дода шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки оид ба дарёфт ва дастгир намудани ин гурўҳи ҷинояткор, ки ҳамчунин даст ба кўшиши ѓасби ҳокимият зада буданд, чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд.