Бегоҳии рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони Осорхонаи миллии Тоҷикистон оғози расмӣ бахшид.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи Осорхонаи миллӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки ин иншооти зебою замонавии оянда ҷузъе аз ансамбли маҷмааи биноҳои маъмурию фарҳангии давлати Тоҷикистон буда, дар якҷоягӣ бо пайкараи Исмоили Сомонӣ, Қасри Миллат, Китобхонаи миллӣ ва Парчаму Нишони Тоҷикистон ба маркази пойтахти Ватани азизи мо шаҳри Душанбе зебу зиннати хоссаи муосир зам хоҳад кард.
Лоиҳаи осорхона аз зербино ва се қабати болоӣ иборат буда, дорои толорҳои гуногун барои ба намоиш гузоштани осори нодири қадимаю муосир аз таъриху фарҳанг ва илму адаби оламшумули миллати бостонии тоҷик ва ҳамчунин толору утоқҳои мухталиф барои маҷлису конфронс, семинарҳо ва машғулиятҳои таълимии мактабиёну донишҷўён ва олимону таърихнигорон хоҳад буд.
Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба яке аз марказҳои асосии илму маориф ва фарҳанги кишвар табдил хоҳад ёфт.