Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини ёвари Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Майкл Макфол

15.07.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини ёвари Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Майкл Макфолро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.

«Тоҷикистон ба муносибот бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таваҷҷўҳи хоса дорад ва мо ҷонибдори рушду густариши ҳар чӣ бештари он дар арсаҳои гуногун ҳастем», изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳарду ҷониб аз сатҳи имрўзаи равобити ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки «имконоти зиёд барои тавсеаи ҳамкориҳо, хусусан дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика ва нақлиёт ҳанўз ба таври зарурӣ мавриди истифода қарор надоранд».

Масоили дастгирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар давраи бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва муборизаи муштарак бо хатарҳои дигари ҷаҳони муосир низ аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд.

Иттилоъ дода шуд, ки танҳо ҳаҷми имсолаи кўмакҳои зиддибўҳронии Амрико, ки ба Тоҷикистон расонда мешаванд, ба 50 миллион доллар баробар аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520