Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Исфандиёр Раҳими Машшои

12.07.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Исфандиёр Раҳими Машшоиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ду кишвари дўсту ҳамзабон баррасӣ шуд.

Пайгирии иҷрои саривақтии аҳду паймонҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамлу нақли транзитӣ ва саноат аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд.

Аз рафти сохтмони нерўгоҳи обии «Сангтуда-2» ва вусъат ёфтани татбиқи дигар тадбирҳои ҳамкории бунёдии иқтисодии Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Масоили таҳкиму густариши ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ ва илмию фарҳангии ду кишвар низ дар маркази таваҷҷўҳи мусоҳибон қарор дошт.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва рушди ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон гуфтугўйи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520