Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар ҷаласаи роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд

11.07.2010 14:00, шаҳри Душанбе

Ҳозирини гиромӣ!

Дар муддати чор рўзе, ки мо дар қаламрави вилоят қарор дорем, бо вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва зиндагии сокинони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят аз наздик ошноӣ пайдо намуда, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дастоварду пешравиҳоро мушоҳида кардем.

Муҳимтар аз ҳама, рўҳияи мардум хуб буда, иштироки фаъолонаи ҳамаи аҳолӣ дар раванди татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат, яъне созандагиву ободонии тамоми гўшаву канори кишвари соҳибистиқлоламон ба хубӣ эҳсос мегардад.

Мақсади ҷамъомади имрўзаи мо таҳлилу баррасии натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва муайян кардани самтҳои фаъолият ва вазифаҳо барои оянда мебошад.

Боиси қаноатмандист, ки дар нимсолаи аввали соли 2010 ба буҷети вилоят 205 миллион сомонӣ маблағ ворид гардида, нақшаи қисми даромади он беш аз 107 фоиз иҷро шудааст. Вале ҳарчанд ки иҷрои барзиёди буҷет таъмин шуда, ҳаҷми бақияпулиҳо то андозае кам гардидааст, вале ҳаҷми боқимондаи он то моҳи июн зиёда аз 130 миллион сомониро ташкил кардааст, ки боиси ташвиш мебошад.

Маблағи бақияпулиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Хуҷанд, Панҷакент, Чкалов, Табошар, Зафаробод, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Шаҳристон ва Кўҳистони Мастчоҳ афзудааст.

Аз ин рў, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он зарур аст, ки доир ба иҷрои сифатноки буҷет, ҳарчи зиёдтар гардонидани воридоти маблағҳо ба он, тадриҷан кам кардан ва пешгирӣ намудани ташаккули минбаъдаи бақияпулиҳо аз андоз чораҳои муассир андешанд.

Бо мақсади бунёд, таъмиру азнавсозӣ ва беҳбудии шароити инфраструктураи иҷтимоиву истеҳсолӣ, аз ҷумла барқарорсозии иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва шабакаҳои ирригатсионӣ, инкишофи истеҳсолоти кишоварзӣ, дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳо, инчунин тараққиёти устувори соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 21 лоиҳаи инвеститсионӣ ва кўмаки техникӣ татбиқ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо беш аз 2 миллиарду 120 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар доираи лоиҳаҳои зикршуда зиёда аз 206 километр роҳ, 7 пул, даҳҳо муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, сохтмон ва барқарорсозии иншооти кишоварзӣ - ирригатсионӣ ва соҳаҳои мухталифи вилоят бунёд ва мавриди азнавсозӣ қарор дода шуда, сохтмони 2 нақб идома дорад.

Умуман, барои рушди вилояти Суғд ва соҳаҳои иҷтимоии он дар давоми солҳои 2006-2009 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 540 миллион сомонӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ 1 миллиарду 285 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни вилоят, аз ҷумла соҳибкории хурду миёна дар шаш моҳи соли 2010 аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд 415,5 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,2 фоиз зиёд мебошад. Лекин ин ҳанўз ҳам нокифоя аст.

Бинобар ин, бояд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар баробари таҳти назорати қатъӣ қарор додани масъалаи истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағҳои буҷетӣ, инчунин дар ҳамкорӣ бо бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзӣ зиёд гардонидани ҳаҷм ва пешниҳоди бештари қарзҳои хурд ва бозгашти онҳоро таъмин намоянд.

Қобили зикр аст, ки саноат яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти вилоят ва манбаи асосии даромади буҷет буда, ҳамчунин дар беҳбудии вазъи иҷтимоӣ мақоми хоса дорад.

Дар нимсолаи аввал истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят афзуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 124 фоизро ташкил кардааст. Аз 243 корхонаи саноатии вилоят дар 132 корхона афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот таъмин шудааст, аммо истеҳсолоти 67 корхона коҳиш ёфтааст.

Дар сурати пешгирӣ карда тавонистани коҳишёбии истеҳсолоти чунин корхонаҳо мо имкон доштем, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро боз ҳам бештар гардонида, тақвияти нерўи иқтисодиро таъмин созем.

Аз ин лиҳоз, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ зарур аст, ки доир ба истифодаи ҳарчи бештари иқтидорҳои истеҳсолӣ, ба роҳ мондани истеҳсолот ва афзоиши коркарди маҳсулоти саноатӣ дар давраи ҳозираи фаровонии қувваи барқ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Зеро дар ин давра имкониятҳои зиёди истеҳсол ва коркарди маҳсулот, аз ҷумла коркарди меваю сабзавот мавҷуданд. Вале ин кор ҳоло дар қаламрави вилоят дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Масалан, агар дар ҳамин давраи соли гузашта дар корхонаҳои коркарди меваю сабзавоти вилоят беш аз 9 миллион қуттии шартӣ консерва истеҳсол шуда бошад, пас ҳоло ҳамагӣ дуюним миллион қуттии шартӣ истеҳсол гардидааст, ки ин нишондиҳанда 29 фоизро ташкил медиҳад.

Бояд хотирнишон сохт, ки таъсиси корхонаҳои нав ва ташкили ҷойҳои нави корӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Мо медонем, ки дар вилоят дар ин самт корҳои зиёд ба анҷом расонида шудаанд.

Аз ҷумла, дар шаҳри Чкалов ташкил гардидани корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасрафи «Сомон», ки 120 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардааст, боиси қаноатмандӣ мебошад.

Вале дар баробари ин, ҷараёни иҷрои Барномаи рушди саноати сабук барои солҳои 2006-2015 ва Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Суғд дар давраи то соли 2015, ки тибқи онҳо ташкил ва бунёди корхонаҳои саноатӣ пешбинӣ гардидаанд, ҳанўз нокифоя мебошад.

Дар ин маврид, пеш аз ҳама, сохтмони корхонаҳои ресандагӣ, бофандагӣ ва дўзандагӣ дар ноҳияҳои Зафаробод ва Мастчоҳро, ки чанд сол инҷониб кашол меёбад, мисол овардан мумкин аст.

Яке аз роҳҳои муҳими рушди устувори иқтисодии кишвар - истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои маъдан, сўзишворӣ ва ашёи хом барои масолеҳи сохтмон мебошад. Дар корхонаҳои саноати коркарди маъдан, ки дар қаламрави вилоят ҷойгиранд, истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар шудааст.

Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи коркарди маъдан ҳукумати мамлакат соли гузашта барои истихроҷи конҳои маъдани «Чатир-Отек»-и шаҳри Исфара, «Мушкистон»-и шаҳри Панҷакент ва «Ғудос»-и ноҳияи Ашт ба ширкатҳои хориҷӣ иҷозатнома дод.

Ҷиҳати сармоягузорӣ барои истихроҷи захираҳои Кони Мансур тендери байналхалқӣ эълон гардидааст.

Умедворем, ки баробари мавриди истифода қарор гирифтани конҳои зикршуда, иқтидори истеҳсоливу содиротӣ ва имкониятҳои иқтисодии кишварамон боз ҳам афзун хоҳанд шуд.

Ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, хуб медонед, ки барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва пеш аз ҳама, саноат қувваи барқ зарур аст. Аз ин рў, мо дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ, яъне яке аз ҳадафҳои стратегии давлатамон бунёди нерўгоҳҳои хурду миёна ва бузурги барқи обиро вусъат дода истодаем.

Мувофиқи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерўгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 дар вилоят дар се марҳала сохтмони 46 нерўгоҳи хурди барқи обӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар соли 2009-ум дар вилоят аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармоягузории дохилӣ 13 нерўгоҳи хурди барқи обӣ сохта, ба истифода дода шуд. Соли ҷорӣ дар вилоят бо маблағҳои давлатӣ ва сармоягузорони ватанӣ 4 нерўгоҳи хурди барқи обӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва илова бар ин, сохтмони 5 нерўгоҳи дигар идома дорад.

Ду рўз пеш ба сохтмони хатти интиқоли барқи 220-киловолтаи Хуҷанд - Айнӣ оғоз бахшидем ва ният дорем, ки онро то ҷашни бистсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба анҷом расонем ва танқисии барқро дар водии Зарафшон бартараф намоем.

Илова бар ин, лоиҳаи бунёди хатти интиқоли барқи 220-киловолтаи Қайроққум – Ашт ба дарозии 70 километр омода шудааст ва сохтмони он дар ояндаи наздик оғоз мегардад.

Бояд гуфт, ки ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда дар вилоят то ба имрўз ҳамагӣ 74 фоизро ташкил медиҳад. қарзи дебиторӣ аз маблағи барқи истифодашуда дар вилоят дар маҷмўъ ба 158 миллион сомонӣ расидааст, ки боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад.

Қарзҳои мазкур асосан аз ҳисоби пардохт накардани маблағ аз тарафи сохторҳои маҳаллии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об - беш аз 93 миллион сомонӣ, корхонаҳои кишоварзӣ - беш аз 6 миллион сомонӣ, обу корези вилоят - 4,3 миллион сомонӣ ва аҳолӣ – қариб 40 миллион сомонӣ ба вуҷуд омадаанд.

Аз ин рў, ба роҳбарони вазоратҳои мелиоратсия ва захираҳои об, кишоварзӣ, Ширкати “Барқи Тоҷик” ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаи қарздорӣ аз маблағи барқи истифодашуда чораҷўӣ намоянд.

Ҳамчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва омодагии зеристгоҳҳо, хатҳои интиқоли қувваи барқ ва умуман тайёрии ҳаматарафаро ба давраи тирамоҳу зимистон таъмин намоянд.

Дар робита ба масъалаи роҳу роҳсозӣ, ки бо мақсади таъмини ҳадафи дигари стратегии давлатамон - аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва таъмини рафтуомади доимии нақлиёти автомобилӣ ба тамоми минтақаҳои мамлакат мо онро вусъат додаем, мехоҳам зикр намоям, ки дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - Чанак дар маҷмўъ зиёда аз 1 миллиард сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шудаанд.

Тавре ки дар мулоқот бо сокинони шаҳри Истаравшан баён доштам, нақби «Шаҳристон» то моҳи июли соли оянда пурра сохта, ба истифода супорида мешавад.

Дар баробари ин, мо бояд бо истифода аз тамоми имкониятҳо вазъи роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилаливу маҳаллиро, ки асоси пешрафту тараққиёт мебошанд, ба эътидол орем.

Бинобар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар баробари барқарорсозии роҳҳои мошингарди аз офатҳои табиӣ зарардида, ки дар вилоят ҳоло зиёда аз 480 километрро ташкил медиҳанд, инчунин таъмири роҳҳои маҳаллиро низ тадриҷан таъмин намоянд.

қобили зикр аст, ки дар вилоят бо маблағҳои давлатӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, соҳибкорон, аҳолии баъзе деҳаҳо ва ба тариқи ҳашар анҷом додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ хеле вусъат ёфтааст, ки ин боиси қаноатмандӣ мебошад.

Дар ҷараёни сафари ҳозираи корӣ ба вилоят мо бевосита шоҳиди ба истифода додани 10 иншооти нави таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ гашта, ба ин итминон ҳосил кардем.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъ?ои маблағгузорӣ дар қаламрави вилоят дар ҳаҷми 125 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд. ҳаҷми умумии маблағгузори?ои асосӣ дар сохтмон беш аз 145 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ба андозаи 57 миллион сомонӣ фонд?ои асосӣ ба истифода дода шудаанд, ки нисбат ба ?амин давраи соли гузашта ду баробар зиёд мебошад.

Бо вуҷуди ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки вазъи иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ, маишӣ ва эҳтиёҷоту талаботи аҳолии деҳотро ҳамаҷониба омўхта, дар бораи беҳбудии шароити инфраструктураи иҷтимоӣ ва ободонии деҳот нақшаи чорабиниҳо таҳия намоянд ва иҷрои ҳатмӣ ва пурраи онро бо ҷалби маблағҳои давлатӣ, соҳибкорон ва шахсоне, ки имконияти молиявӣ доранд, таъмин намоянд.

Боришоти шадиди соли ҷорӣ ба як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакатамон, аз ҷумла шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Ғончӣ зарари ҷиддӣ расонид.

Бо дарназардошти ин, ба мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки барои бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, мелиоратсия ва захираҳои об, инчунин Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» зарур аст, ки дар бораи сохта, ба истифода додани хатти оби нўшокӣ дар деҳаи Хамиртеппаи шаҳри Панҷакент тадбирҳои дахлдор андешанд.

Ҳамчунин Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар иҷро намудани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар сойи Зебони воқеъ дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ва барқарорсозии сойҳои Заврон ва Ғарибак чораҷўӣ намоянд.

Доир ба ноҳияи Ғончӣ ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф, молия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супориш дода мешавад, ки сохтмони мактаби замонавиро барои 640 ҷой дар деҳаи Ростровут ба нақша гиранд.

Илова бар ин, тавассути сохта, ба истифода супоридани 8 синфхонаи иловагӣ дар мавзеи бехавфи деҳаи Хишекат масъалаи кўчонидани мактаби кўҳнаи деҳаи мазкурро аз маҳалли таҳти таҳдиди офатҳои табиӣ қарордошта ҳаллу фасл намоянд.

Бо мақсади ҳалли масъалаҳои дар як қатор ноҳияҳои вилоят вуҷуддошта ҳамчунин Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об вазифадор карда мешавад, ки:

- иваз намудани қубурҳои истгоҳи обкашии рақами дуюми ноҳияи Зафарободро дар масофаи як километр анҷом диҳад;

- ҷиҳати азхудкунии заминҳои бекорхобидаи шаҳри Панҷакент масъалаи сохтмони монеаҳоро дар соҳилҳои дарёи Зарафшон омўхта, дар муддати як моҳ ба ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намояд.

Инчунин ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия супориш дода мешавад, ки пули роҳи мошингарди Спитамен - Зафарободро дар мўҳлати 6 моҳ, пули деҳаи Хишекати ноҳияи Ғончиро ҳарчи зудтар ва пули болои сои Бешкалсойро то ҷашни истиқлолияти давлатӣ барқарор созад.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он зарур аст, ки ба ҷараёни сохтмони хонаҳои истиқоматӣ барои аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида дар ноҳияи Зафаробод суръат бахшанд.

Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Саридораи геология якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои дахлдор масъалаи аз мавзеъҳои таҳти таҳдиди офатҳои табиӣ қарордоштаи ноҳияҳои Зафаробод, Ғончӣ, Кўҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ ба мавзеъҳои бехавфи ноҳияи Зафаробод ва Мастчоҳ кўчонидани аҳолиро марҳала ба марҳала ҳаллу фасл намоянд.

Ба хотири таъмини ҳадафи сеюми стратегии давлати Тоҷикистон, яъне ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат мо чанд сол инҷониб масъалаҳои истифодаи оқилона ва самарабахши замини кишт, бахусус заминҳои обӣ, вусъат додани кишти такрорӣ, ҳарчи бештар афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини захираи дусолаи маводи асосии ғизоиро аз ҷониби аҳолӣ таъкид мекунем.

Дар натиҷаи ба анҷом расонидани корҳои муайян дар ин самт дар вилоят тайи нимсолаи аввал ба андозаи беш аз 250 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дуюним фоиз зиёд мебошад.

Вале бояд гуфт, ки дар қаламрави вилоят соли ҷорӣ майдони кишти як қатор зироатҳо, аз ҷумла ғалладона, пахта, картошка, сабзавоту полезиҳо ва саршумори чорвои калон, истеҳсоли баъзе намудҳои маҳсулоти чорвою паранда, ки дар ҳифзи боэътимоди амнияти озуқаворӣ аҳамияти муҳим доранд, нисбат ба дурнамо кам шудаанд.

Дар мавриде, ки дар қаламрави вилоят лоиҳаҳои давлатии сармоягузории бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин, рушди соҳаи пахтакорӣ, барқарорсозии шабакаҳои ирригатсионӣ, идоракунии захираҳои оби водии Фарғона, барномаи рушди истеҳсолоти кишоварзӣ ва идораи ҳавзаи дарёҳо бо маблағҳои зиёд амалӣ гардида истодаанд, имсол зиёда аз 4 ҳазор гектар замини корами обӣ кишт нашуда монда, вазъи мелиоративии 20 ҳазор гектар замини кишт ғайриқаноатбахш гардидааст.

Мувофиқи нақша соли ҷорӣ дар маҷмўъ беш аз 1200 гектар замини партов, яъне боир бояд ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешуд, вале ин рақам дар айни ҳол ҳамагӣ 340 гектарро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон бо ин, аз беэътиноӣ ва беназоратии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар ҳудуди вилоят зиёда аз 1200 ҳодисаи вайронкунии қонунгузории замин, ки беш аз 8800 гектарро дарбар мегирад, ошкор карда шудааст.

Аз ин лиҳоз, вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки риояи қатъӣ ва иҷрои нишондодҳои дурнамои рушди соҳаи кишоварзӣ, мавриди истифода қарор додани заминҳои холимонда, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боир ва пешгириву бартараф кардани вайронкунии қонунгузории заминро сари вақт таъмин созанд.

Дар вилоят истеҳсоли яке аз навъҳои пурқимати ашёи хоми саноатӣ – пилла низ хеле кам гардидааст. Соли ҷорӣ бояд дар вилоят зиёда аз 1300 тонна пилла тайёр карда мешуд, вале то имрўз ҳамагӣ 390 тонна пилла истеҳсол шудааст, ки ба 30 фоизи нақшаи солона баробар мебошад. Яъне нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 500 тонна ва дар муқоиса бо нақшаи соли ҷорӣ зиёда аз 900 тонна кам пилла тайёр карда шудааст.

Кам шудани истеҳсоли пилла хусусан дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Айнӣ, Ашт, шаҳрҳои Истаравшан ва Исфара боиси нигаронӣ мебошад. Дар мавриде ки мо масъалаи ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои кориро такрор ба такрор хотирнишон мекунем, иҷро нагардидани нақшаи солонаи истеҳсоли пилла боиси коҳиш ёфтани фаъолияти яке аз корхонаҳои калонтарини вилоят - ҷамъияти саҳҳомии «ВТ–СИЛК»-и шаҳри Хуҷанд ва бекор мондани коргарони он мегардад.

Бинобар ин, ба вазоратҳои кишоварзӣ, энергетика ва саноат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки доир ба ҳавасмандсозии кирмакпарварон, рушди пиллапарварӣ ва пешрафти шоҳибофӣ дар вилоят, ки барои афзоиши даромади аҳолӣ ва фароҳам омадани ҷойҳои корӣ мусоидат менамояд, тадбирҳои муассир андешанд.

Чунонки медонед, ба наздикӣ бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон барои эҳтиёҷмандони шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз ёздаҳ, ҳазор гектар замин ҷудо карда шуд. Ин миқдор замин барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷи садҳо ҳазор оилаҳо бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим карда дода мешавад.

Зарур аст, ки барои тақсими одилонаи замин комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода, замин ба онҳое дода шавад, ки дар ҳақиқат ба он мўҳтоҷанд. ҳамчунин барои ҷуброни заминҳое, ки ба аҳолй тақсим карда дода мешаванд, азхудкунии заминҳои боир ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани онҳо чораҳои ҷиддӣ андешида шаванд.

Дўстони мўҳтарам!

Пешрафти устувори соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободиву шукуфоии мамлакат аз маҳорату кордонии кадрҳо, мутахассисони соҳибистеъдод ва воқеан ватандўсту ватанпараст вобаста мебошад.

Аз ин лиҳоз, мо ба мақсади тарбияи насли бомаърифат ва мутахассисони бомаҳорат ба рушди соҳаи маориф афзалият ва таваҷҷўҳи хоса дода, дар ин замина доир ба беҳбудии шароити муассисаҳои таълимӣ бо сарфи маблағҳои давлативу сармоягузории хориҷӣ тадбирҳои зиёдро амалӣ гардонида истодаем.

Дар баробари ин, бо афзун гардонидани маблағгузории соҳаи маориф, сохтмони мактабҳои нав, азнавсозиву бо таҷҳизоти зарурӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин кардани муассисаҳои мавҷудаи таълимӣ, бунёду ташкили гимназияву литсейҳои Президентӣ, донишкадаву донишгоҳҳои нав, ҷорӣ намудани низоми нави таҳсил, квотаву стипендияҳои Президентӣ, маблағгузории сарикасии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, татбиқи як қатор барномаҳои ҳукуматӣ, аз ҷумла барномаҳои компютерикунонии мактабҳо, омўзиши забонҳои хориҷӣ, инчунин як қатор тадбирҳои дигар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани насли наврас ба талаботи ҷаҳони муосир ва тарбияи мутахассисони соҳибистеъдодро амалӣ мегардонем.

Мову шумо, инчунин падарону модарон ва аҳли ҷомеа вазифадорем, ки барои таҳсили фарзандони худ тамоми шароити мусоидро фароҳам орем, зеро онҳо дар оянда давомдиҳандагони кори мо ва ворисони давлати соҳибистиқлоламон хоҳанд гашт.

Дар ин раванд омўзиши амиқи забони давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини ҳамаи мо мебошад.

Дар ин замина ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он зарур аст, ки вазъи тамоми мактабҳои таҳсилоти умумиро ҳамаҷониба омўхта, дар бораи таъмиру таҷдид ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани онҳо, дастгирии иҷтимоӣ ва ғамхорӣ ба коллективҳои омўзгорӣ, бозомўзиву баланд бардоштани сатҳи тахассуси муаллимон ва тақвияти сифати таълиму тарбия нақшаҳои махсуси чорабиниҳоро таҳия карда, иҷрои онҳоро давра ба давра таъмин созанд.

Ҳамчунин сохтору мақомоти дахлдор то ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатӣ ба анҷом расонидани бинои сохтмонаш нотамоми Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро, ки хишти аввали онро ҳанўз соли 2007 гузошта будем, таъмин намоянд.

Ба хотири ташкил ва дуруст ба роҳ мондани хизматрасонии муосири тиббӣ ба аҳолӣ ҳукумати мамлакат дар самти беҳтар гардонидани шароит ва имкониятҳои муассисаҳои тиббӣ низ кўшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Бояд қайд кард, ки мо маблағгузории соҳаи тандурустии вилоятро ҳамасола зиёд намуда истодаем.

Соли ҷорӣ барои муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят, ки шумораи умумии онҳо беш аз 900 ададро ташкил медиҳад, 93 миллион сомонӣ равона карда мешавад.

Дар қаламрави вилоят солҳои охир бо маблағгузории давлатӣ як қатор муассисаҳои нави тиббӣ сохта, ба истифода дода шуданд ва даҳҳо беморхонаву дармонгоҳҳо, бунгоҳҳои мавҷудаи тиббӣ мавриди таъмиру азнавсозӣ қарор гирифта, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин карда шуданд.

Дар айни ҳол бо сарфи беш аз 45 миллион сомонӣ таваллудхонаҳои вилоятӣ ва шаҳри Хуҷанд таъмир ва бо дастгоҳҳои тиббии ҳозиразамон таъмин шуда истодаанд ва ҷиҳати беҳтар гардонидани сатҳу сифати саломатии занону модарон ба муассисаҳои дахлдор лавозимот ва дорувории зарурӣ ҷудо карда шуд.

ҳоло дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон қариб 1100 нафар ҷавонони вилоят та?сил намуда истодаанд, ки зиёда аз 100 нафари онҳо тибқи квотаи Президентӣ дохил шудаанд ва дар ояндаи наздик масъалаи норасоии кадрҳои тиббӣ дар вилоят ҳалли худро хоҳад ёфт.

Вобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки дар баробари беҳбудӣ бахшидан ба шароити муассисаҳои тиббӣ, инчунин густариши тибби оилавӣ, хусусӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои тамаъҷўӣ дар беморхонаву дармонгоҳҳоро таъмин созанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Мо доим таъкид мекунем, ки асоси пешрафту тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ суботи устувор, риояи қонуният ва тартибу низоми ҷамъиятӣ мебошад. Вале таҳлили вазъи шашмоҳаи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ нишон медиҳад, ки дар ҳудуди вилоят сатҳи қонуншиканиву ҷинояткорӣ боло рафта истодааст.

Зеро дар ин давра дар вилоят беш аз якуним ҳазор ҷиноят, аз ҷумла қариб 300 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009-ум дуюним фоиз зиёд мебошад.

Боиси ташвиш аст, ки дар вилоят ҷинояткории ноболиғон ва ҳодисаҳои худкушиву сўиқасд ба он низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст. Мутаассифона, нашъамандӣ ҳам, ки шумораи расман ба қайд гирифташудаи гирифторони он ҳоло аз ҳазор нафар гузаштааст, боиси изтироби ҷиддӣ мебошад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар тўли шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 150 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор кардаанд.

Аз ин рў, ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти пешгириву ошкор кардан ва ташкили дурусти мубориза бар зидди ҷинояткориҳо тақвият бахшанд.

Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ масъалаи пурзўр намудани муборизаро бар зидди коррупсия махсус таъкид намуда, баъдан доир ба он фармони дахлдорро низ ба имзо расонида будам.

Бо вуҷуди ин, тавре ки аз санҷишҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бармеояд, дар вилоят сатҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳанўз ҳам баланд мебошад. Танҳо дар нимсолаи аввал дар вилоят 113 ҷинояти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ошкор карда шудаанд, ки мабла?и зарари онҳо қариб 4 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо низ камбудиву қонуншиканиҳои зиёд ошкор карда шудаанд.

Масъалаҳои қабул гардидани қарорҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки 130 ададро ташкил медиҳад, қонуншиканиҳо дар пардохти андозу боҷҳои гумрукӣ, қонунгузории замин, қарздорӣ аз музди меҳнат ва дигар ҳолатҳои вайронкунии қонуният ҳаллу фасли бетаъхири худро тақозо доранд.

Бинобар ин, бояд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир ба баланд бардоштани масъулияти роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар масъалаи истифодаи мақсаднок ва хароҷоти дурусти маблағҳои давлатӣ, пешгирӣ ва тақвияти мубориза бар зидди коррупсия, инчунин бартараф кардани камбудиву норасоиҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мунтазам чораҷўӣ намоянд.

Тавре ки ҳамаи шумо аз маълумоти расонаҳои хабарӣ медонед, имсол дар бисёр кишварҳои ҷаҳон хушксолӣ ба вуҷуд омада, пеш аз ҳама, ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалла таъсири ниҳоят ҷиддӣ расонида истодааст.

Дар чунин шароит мо бояд тамоми кўшишу ғайрат ва имкониятҳои худро ба он равона созем, ки ҷамъоварии ҳосилро бетаъхиру кашолкорӣ ба анҷом расонида, кишти такрориро саривақт ва хушсифат анҷом диҳем. Инчунин мардуми мо таъкидҳои чандинкаратаи Роҳбари давлатро доир ба захираи дусолаи маводи асосии ғизоӣ ва дар навбати аввал гандум фаромўш набояд созад.

Бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ дар вилоят ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барномаи дарозмўҳлати азхудкунии заминҳои навро дар ноҳияҳое, ки захираҳои зиёди замини азхуднашуда доранд, бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ таҳия карда, ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

ҳамчунин иҷрои нишондодҳои барномаи давлатии рушди боғу токпарвариро дар мўҳлатҳои муқарраргардида таъмин созанд.

ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳаллу фасли масъалаҳои зикршуда бевосита ба манфиати рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум вобаста мебошад.

Аз ин рў, ҳамаи мо бояд кўшиш ба харҷ диҳем, ки дар баробари ҳалли онҳо ҷиҳати таҳкими ваҳдати миллӣ, тавсеаи ҳисси ватандўстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии мардумамон ва пеш аз ҳама, ҷавонон фаъолона кор кунем.

Ҳар як роҳбар ва шахси масъул, дар навбати аввал шумо-дар ин толор нишастагон, ҳамаи хизматчиёни давлатӣ, зиёиён ва умуман аҳли ҷомеа бояд дар тамоми равандҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар фаъолона ширкат варзида, ҷиҳати ислоҳу решакан кардани падидаву тамоюлҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили ҷинояткорӣ, коррупсия, нашъамандӣ, хариду фурўши одамон, поймол кардани ҳуқуқи инсон ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани волоияти қонун саъю талош намоянд.

Имрўз халқи тоҷик соҳиби давлати миллӣ шуда, ба сўи ҷомеаи демократӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Дар чунин шароит зарур аст, ки мо бояд мутахассисони болаёқати варзида, бофарҳангу эҷодкорро, ки дорои назару ҷаҳонбинии замонавӣ мебошанд, дастгирӣ намуда, қобилияту имконияти онҳоро дар идоракунии соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлат ва ҷомеа васеъ истифода кунем.

Тоҷикистон ҳамчун хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон ва чун шарики боэътимод дари худро ба рўи оламиён кушодааст ва сокинони мамлакат дар фазои озоди сулҳу созандагӣ умр ба сар бурда, имрўз ҳар як фарди бонангу номуси халқи тоҷик ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва ободии Ватани азизамон - Тоҷикистон саъю талош меварзад, ки дар ин кори хайру ватандўстона мардуми сарбаланди вилояти Суғд низ саҳми арзанда мегузоранд.

Итминон дорам, ки онҳо ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллиамон – бистсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон низ, ки онро соли оянда таҷлил хоҳем кард, ғайрату ҳиммат ва саъю талоши худро дареғ намедоранд.

ҳамчунин мехоҳам ба мардуми шарифи вилояти Суғд ва ба шумо – роҳбарону фаъолони вилоят барои дастгирии самимона ва кўмакҳои беғаразонаи моддиву маънавӣ ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон ва барои кўшишу талошҳо, инчунин саҳми муносиби шумо дар сохтмони хонаҳои истиқоматӣ барои зарардидагон арзи сипос намоям.

Ба шарофати чунин амалҳои неки мову шумост, ки муттаҳидиву ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишварамон боз ҳам тақвият ёфта, барои рушди устувори ҷомеа, ободии сарзамини аҷдодиамон ва осудаҳолии халқи азизамон имконият ва шароити мусоид фароҳам омадааст.

Дар охир ба ҳамаи шумо дар фаъолияти ҳаррўзаатон ба манфиати халқу Ватан барори кор ва ба ҳар хонадони мардуми бонангу номуси вилояти Суғд файзу баракат ва иқболи нек орзумандам.

Саломат бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520