Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тсзо Сюелянро бинобар анҷом ёфтани мўҳлати сафириаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти сесолаи Тсзо Сюелян ба ҳайси сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон баҳои баланд дод. Таъкид гардид, ки дар ин давра дар самти татбиқи лоиҳаҳои сершумори Тоҷикистону Чин, хусусан дар соҳаҳои энергетика, саноати кўҳӣ ва нақлиёту коммуникатсия, ки аз самтҳои муҳими ҳамкории ду кишвар ба шумор мераванд, корҳои зиёд ба сомон расиданд.
Тсзо Сюелян дар навбати худ изҳор дошт, ки минбаъд низ баҳри таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар ҷаҳду талоши худро дареғ нахоҳад дошт.