Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон - шаҳри Остона дар ҷаласаи навбатии Шўрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар сатҳи сарони давлатҳо иштирок намуд.
Дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Баррасии роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва масоили фаъол намудани Иттиҳоди гумрукии Беларус, Русия ва Қазоқистон аз мавзўъҳои асосии ҷаласа буданд.
Аз рўйи натиҷаи ҷаласа як қатор қарорҳо қабул карда шуданд. Яке аз қарорҳои муҳим барои Тоҷикистон розигии сарони давлатҳо ба ҷудо намудани 70 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок аз ҳисоби Хазинаи зиддибўҳронии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аст, ки барои дастгирии иқтисодиёти кишвари мо дар давраи бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ пешбинӣ шудааст.
Зимни нишасти матбуотии сарони давлатҳо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои ҳамоиши навбатӣ ва қарорҳои қабулшуда изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамчунин таъкид дошт, ки Тоҷикистон барои густариши ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодӣ дар доираи ин созмон ҳавасманд аст.