Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз музофоти Фуҷиан, ки дар ҷанубу шарқи ин кишвар қарор дорад, оғоз ёфт.
Дар фурӯдгоҳи шаҳри Сямэни музофоти Фуҷиан Сарвари давлати Тоҷикистонро бо меҳмоннавозии хоса истиқбол гирифтанд.
Дар оғози сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мири (котиби кумитаи ҳизбии) шаҳри Сямэн Лю Кесин мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо ин шаҳри бузургу бостонии кишвари Чин баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, месазад, ки таҷрибаи муваффақи Сямэн дар рушди иқтисоду тиҷорат ва шаҳрсозӣ мавриди омӯзиш ва пайравӣ қарор бигирад.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати ҳамроҳи худ дастур дод, ки Тоҷикистон дар ярмаркаи ҳарсолаи тиҷоративу сармоягузории Сямэн дар сатҳи шоиста муаррифӣ карда шавад.
Шаҳрдори Сямэн Лю Кесин дар навбати худ ба иштироки доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии ин шаҳр дар намоиш – фурӯши молҳои истеҳсоли худ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва ғайра сурат гирифт.
Сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дорад.
Танҳо дар музофоти Фуҷиан мулоқотҳои ӯ бо губернатори ин музофот, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Сямэн, роҳбарони як қатор ширкатҳои соҳибнуфуз ва иштирок дар форуми соҳибкорону сармоягузорон ва тоҷирони ду ҷониб дар назар аст.