Дар рӯзи дуюми сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи Сямэни музофоти Фуҷиан ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни он мулоқот намуд.
Ректори донишгоҳи мазкур Чжу Чунши зимни суханронии ифтитоҳии худ эълон намуд, ки бо қарори Шӯрои илмӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоён дар таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории пурсамар бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф унвони профессори фахрии Донишгоҳи Сямэн дода шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба ҳайати профессорону устодони донишгоҳ барои чунин қадрдонии баланд арзи сипос карда, изҳори боварӣ намуд, ки робитаҳои илмию таҳсилотии ду кишвар минбаъд боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.
Бо ёдоварӣ аз шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои гуногуни таҳсилотии Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори умед карда шуд, ки минбаъд теъдоди онҳо дар ин донишгоҳи соҳибнуфуз низ зиёд мешавад. Тавре зикр гардид, ҳоло дар ин ҷо танҳо як донишҷӯи тоҷик таҳсили илм менамояд.
Ректори донишгоҳ Чжу Чунши изҳор дошт, ки барои минбаъд зиёд намудани бурсияҳо ба донишҷӯёни тоҷик чораҳо меандешад.
Мулоқот бо намоиши барномаи фарҳангии донишҷӯёни ин донишгоҳ ба поён расид.