Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Майдончаи варзишӣ дар маркази ноҳияи Ховалинг

07.08.2019 10:11, ноҳияи Ховалинг

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон инчунин майдончаи хурди  варзишиеро, ки дар масоҳати 800 метри мураббаъ бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, иншооти мазкур аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби зиёда аз 20 нафар сохтмочиёни маҳаллӣ сохта шудааст.

Ин иншооти варзишӣ дар маркази ноҳия танҳо барои бозии футбол пешбини гардида,  дорои беҳтарин шароит барои ин намуди бозӣ мебошад. Майдочаи хурди бозии футбол дар ноҳияи Ховалинг бо тарҳи зебову замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботҳои сохтмонӣ бунёд карда шуда, дар он 35 адад таҷҳизотҳои хурду бузурги равшандиҳӣ насб карда шудааст. Илова бар ин, барои зебогии гирду атрофи иншооти мазкур дарахтони ороишиву сояафкан ва дар масоҳати 60 метри мураббаъ гулҳои зебои мавсимӣ шинонида шудааст.

Зимни шиносоӣ бо иншооти мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, мавриди истифода қарор гирифтани онро барои наврасону ҷавонони маркази ноҳияи Ховалинг беҳтарин туҳфа арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин роҳбари давлат аз насли ояндасози кишвар ва варзишгарони ноҳия даъват ба амал оварданд, ки бо истифода за чунин имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ истифода намоянд, то ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ рушди ҳамаҷониба пайдо намояд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520