Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ

10.08.2019 09:25, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии як қатор вазорату идораҳо ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.

Дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои масъули хизмати давлатӣ ва низомӣ таъин гардиданд, таъкид гардид, ки ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ба таҷрибаи андӯхта, маҳорати кордонӣ, қобилияти ташкилотчигӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, хизмати содиқонаву бенуқсон дар вазифаҳои қаблӣ ва дигар сифатҳои шахсии кадрҳои ҷавон бартарият дода мешавад.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самадзода Зикрихудо бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон озод ва Мирзозода Мусо Одинамуҳамад ба вазифаи Раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъин гардид.

Ҳамчунин, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъин гардида, ба вазифаи Сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ, вилояти Суғд ва сардори Раёсати ақибгоҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ кадрҳои ботаҷриба, хатмкардагони ду ва ё зиёда муассисаи олии таълимоти низомии дохил ва хориҷи кишвар таъин гардиданд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуродзода Шоиста муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Тибқи Қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайбуллозода Толиб муовини якум ва Соҳибзода Маҳмадкарим – муовини Директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” таъин гардиданд.

Бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Шараф – муовини Котиби Шӯрои амният, Зуҳурзода Бахтиёр ва Раҳмонзода Ҷамшед – машваратчиёни Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Зимни суҳбати самимӣ Пешвои миллат аз фаъолияти ҳар як хизматчии давлатӣ натиҷагирӣ намуда, онҳоро ба хизмати содиқона, поквиҷдонона ва ба нафъи давлату миллат истифода кардани нерӯи ақлониву таҷрибаи касбкарда даъват намуданд.

“Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тарбияи кадрҳои ҷавону болаёқат, бахусус дастгирии занон дар вазифаҳои масъули давлатӣ минбаъд низ таваҷҷуҳу ғамҳорӣ зоҳир менамояд” – таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иброз доштанд, ки барои болоравиии мансабӣ, ташаккули таҷрибаи корӣ, нишон додани натиҷаҳои назаррас аз ҳар як кадр тақозо мегардад, ки бо таҷрибаву дониши андӯхта қаноат накарда, пайваста омӯзанд, бо техника ва технологияи муосир кор карданро дар мадди аввал гузошта, забонҳои хориҷиро аз бар намоянд. Ба рӯйдоду воқеаҳои ҷаҳони муосир баҳои объективӣ дода, таҷрибаи мустақилона қарор карданро доро бошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520