Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаррифии Кони ангишти Ғузни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қудрат 2010” дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

20.08.2019 09:58, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар муаррифии Кони ангишти Ғузни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  “Қудрат 2010”  иштирок карданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Корхонаи ангишти Ғузн соли 2017 таъсис ёфтааст. Айни ҳол дар корхона 35 нафар сокинони маҳаллӣ дар рафти истихроҷи ангишт ба кор чалб карда шуда, бо маоши хуб таъмин гардидаанд.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин авалин маротиба аст, ки дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ангишт истеҳсол карда мешавад.

Тибқи маълумот корхона дар як сол то 10 ҳазор тонна иқтидори истеҳсолии  истихроҷи ангиштро доро мебошад. Роҳбарияти корхонаи ангишти Ғузн ният доранд, бо ворид намудани технологияҳои муосир иқтидори истеҳсолии корхонаро то 100 ҳазор тонна зиёд карда, ҳаҷми истихроҷи ангиштро бештар намоянд ва 120 нафарро бо ҷойи кор таъмин кунанд.

Тибқи маълумоти тадқиқотию геологии гузаронидашуда, захираи умумии ангишт дар кони Ғузн 27 миллион тонна мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520