Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Анҷоми сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон

12.09.2019 08:56, шаҳри Кӯлоб

12 сентябр сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба истиқболи сазовори 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, бо сокинон мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб чаҳор боғу гулгашт, ки барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳр сохта шудаанд, ба истифода доданд. Илова бар ин 50 иншооти соҳаи илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маркази савдову хизматрасонӣ ва корхонаи паррандапарвариро бо муҳайё сохтани 500 ҷойи кории нав ифтитоҳ намуда, ба бунёду навсозии роҳҳои дохилишаҳрӣ ва дорои аҳамияти байналмилалӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Бо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти таъиноти гуногун дар шаҳри Кӯлоб сокинони зиёде бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд. Ҳамаи тадбирҳои созанда ва бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди устувори соҳаҳои иқтисодии ҷомеа равона гардидааст.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони шаҳри бостонии Кулоб бо самимияти хоса ва садоқати бепоён ба Пешвои муаззами худ гусел карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520