Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии баъзе маблағҳои онҳо», ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 феврали соли равон қабул гардидааст ба имзо расид.
Қонуни номбурда бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, сиёсати қарзию пулӣ ва ҷалби маблағгузорӣ аз сарчашмаҳои алтернативӣ барои сохтмони иншооти бузурги тақдирсоз «Нерўгоҳи барқи обии Роғун» қабул карда шуда, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии аз ҷониби давлат анҷом дода шудани амали истисноии якдафъаина оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии маблағҳояшон, ки барои харидории саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерўгоҳи барқи обии Роғун» истифода шудаанд ва ё аз бонкҳои давлатҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон интиқол дода шудаанд, муайян менамояд.
Мутобиқи қонуни зикргардида амали он нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағҳои пулии худро мутобиқи қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидории саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерўгоҳи барқи обии Роғун» истифода кардаанд ва ё аз бонкҳои давлатҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон интиқол додаанд паҳн мегардад.
Тибқи талаботи қонуни мазкур шахсони ҳуқуқие, ки фонди оинномавиашон ба моликияти муштараки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ асос ёфтаанд, ҳуқуқ доранд саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерўгоҳи барқи обии Роғун»-ро харидорӣ намоянд ва амали қонуни мазкур нисбати онҳо низ паҳн мегардад.
Вобаста ба ин давлат ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки маблағҳои пулии худро қонунӣ мегардонанд, кафолат дода, бо тартиби муқарраргардида онҳоро авф менамояд ва аз ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузорӣ озод менамояд.