Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ Чэн Чжили

12.01.2012 17:00

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ Чэн Чжилиро ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори солгарди 20-уми муносиботи дипломатии Тоҷикистону Чин ташриф овардани намояндаи воломақоми Ҷумҳурии Мардумии Чинро нишонаи сатҳи баланди равобити дўстона ва ҳамкории судманди ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ намуд.

«Мавқеи Тоҷикистон доир ба ягонагӣ ва якпорчагии кишвари ҳамсоя бо принсипи «Чини Ягона» устувору тағйирнопазир аст», - таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Чэн Чжили ҳам муносиботи ду кишварро дорои хислати дўстӣ, ҳамсоягии наку ва ҳамкорию ҳамшарикии гуногунпаҳлў номида, таъкид дошт, ки ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ таҳкиму тақвияти истиқлолияти ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.

Гуфтугўи судманд доир ба роҳҳои густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Чин сурат гирифт.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулоти миёни Тоҷикистону Чин дар соли 2011 нисбат ба солҳои аввали муносиботи дипломатии ду кишвар 600 маротиба афзудааст.

ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба иштирок дар татбиқи амалии лоиҳаҳои энергетикӣ, саноатӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ, аз қабили бунёди нерўгоҳҳои барқӣ, кашидани хатҳои интиқоли нерўи барқ, роҳҳои оҳану мошингард ва ғайра, ки дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд, таъкид доштанд.

ҳамчунин доир ба роҳҳои мусоидат ба эҳёи иқтисодиёти Афғонистон ва барқарорсозии ҳаёти осоишта дар он ва ҳамшарикии Тоҷикистону Чин дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520