Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

16.01.2012 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нафарони ба вазифаҳои воломақом дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пешниҳодшударо ба ҳузур пазируфт.

Баъди суҳбат бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Нурилло Орипов Муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, Шералӣ Сабзов Муовини вазири корҳои дохилӣ, Абдураҳмон Бузмаков Сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, Анвар Тағоймуродов Сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, Мансур Бухориев Сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат, Хуршед Каримов Сардори Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъин карда шуданд. ҷамъ 14 нафар ба вазифаҳои пурмасъулият дар сохторҳои гуногуни мақомоти номбаршуда таъин гардиданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат онҳоро ба садоқат ба халқу Ватан ва риояи адолату матонат дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияташон ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки ин сифатҳо дар мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи гурўҳӣ ва дорои характери коррупсионӣ, басо муҳиманд. Дар назди онҳо ва роҳбарияти ҳарду сохтори мазкур, ҳамчунин доир ба тарбияи кадрҳои ҷавону болаёқат, баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон ва бо сифати дилхоҳ ба роҳ мондани фаъолияти ҳамарўза вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520