Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии бинои иловагии истироҳатии ҶДММ «Баҳористон»

02.07.2020 16:41, шаҳри Гулистон

2 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии истироҳатии ҶДММ «Баҳористон», ки дар соҳили “Баҳри Тоҷик” воқеъ аст, шинос шуданд.

Бунёди иншооти нави истироҳатӣ аз тадбирҳои навбатии роҳбарияти ҶДММ «Баҳористон» мебошад, ки бо мақсади васеъ намудани фаъолият, ҷалби ҳарчи бештари меҳмонон, истироҳаткунандагони дохиливу хориҷӣ ва фароҳам овардани шароитҳои муосиру замонавӣ анҷом дода мешавад.

Бинои мазкур бо лоиҳаи ҷолиб сохта шуда, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Ҳуҷраҳо дорои муосиртарин шароиту имкониятҳои истироҳатию фароғатӣ ва табобатӣ буда, барои то 80 нафар пешбинӣ гардидааст. Дар бинои нав ҳамчунин меҳмонхона ва ҳавзи шиноварӣ бунёд гардида, ҳудуди он бо тарҳу намои хоса оро дода мешавад. Гирду атрофи бинои навро гулгашту фаввораҳо зебоии хоса мебахшанд. Бино ҳамчунин дорои таваққуфгоҳ хоҳад буд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳа ва рафти корҳои сохтмонӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулону сохтмончиён ҷиҳати ба стандартҳои муосир ҷавобгӯ сохтани ин иншооти истироҳатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бунёди чунин иншооти истироҳативу сайёҳӣ зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд давоми солҳои охир даҳҳо чунин иншоот бо сатҳу сифати баланд бунёд ва ба истифода дода шудаанд.

Осоишгоҳи маъруфи «Баҳористон» бо шароиту имкониятҳои мусоиди фароғативу табобатиаш солҳост, ки шумораи хеле зиёди табобатгирандагон ва истироҳаткунандагон аз дохилу хориҷи кишварро ба худ ҷалб менамояд.

Осоишгоҳ бо инфрасохтори замонавӣ, заминаи хубу муосири ташхисию табобатӣ ва сатҳи баланди хизматрасонӣ маҳбубияти зиёд дорад. Минтақаи сабзазору хуррами осоишгоҳ 22 гектарро дар бар мегирад. Тарҳи зебои биноҳои истироҳатию табобатӣ, пайроҳаҳои зебову чароғон, гулҳои рангоранг, фаввораҳо, айвонҳои бо кандакории миллӣ сохташуда, гӯшаҳои кӯдакона, чаманзорҳои сабзу хуррам маҳбубияти ин осоишгоҳро миёни сайёҳону истироҳаткунандагони дохиливу хориҷӣ зиёд намудааст.

Бо мақсади қабули меҳмонон 6 бинои истиқоматӣ бо ҳуҷраҳои гуногундараҷаи бароҳат ва шабакаи ягонаи муътадилкунандаи ҳарорати дохили бино бунёд гардидаанд. Дар маҷмӯъ Осоишгоҳи “Баҳористон” дорои 10 котеджи бо тарҳи нодир сохташуда барои 40 нафар, ду коттеджи ВИП,  ошхона барои 880 нафар, тарабхона бо 150 ҷойи нишаст, фитнес клуб, толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварии тобистонаву зимистона, минтақаи обутоби бадан, 2 майдони варзишӣ, корти теннис, чойхонаи миллӣ, амфитеатр ва кӯли сунъӣ мебошад. Шароити табиии мувофиқ ва заминаи муосири ташхисию табобатӣ бо сатҳи баланди хизматрасонӣ имкон фароҳам овардааст, ки ҳамасола теъдоди истироҳаткунандагону табобатгирандагон дар ин маҷмааи солимгардонӣ афзун шавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520