Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбай Жээнбеков

30.07.2020 08:19, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбай Жээнбеков барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Сооронбай Шарипович,

Дар иртибот ба эълон кардани рӯзи мотами миллии ёдбуди қурбониёни пандемияи коронавирус дар кишвар ҳамдардиву таъзияи амиқи ин ҷонибро ба тамоми мардуми бародари Қирғизистон иброз намуда, ба гирифторони ин бемории сироятӣ шифои ҳарчи зудтар хоҳонам.

Мо ҷараёни нигаронкунандаи дар сатҳи ҷаҳонӣ паҳн гардидани вируси сироятии “Ковид-19”-ро бо изтироби амиқ пайгирӣ менамоем.

Бовар дорам, ки Қирғизистони дӯст бо сарбаландӣ мушкилоти вобаста ба пандемияро бартараф мекунад ва тадбирҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷиҳати гирифтани пеши роҳи он ва ба эътидол овардани вазъи эпидемиологӣ андешида мешаванд, ҳатман натиҷаҳои дилхоҳ ба бор хоҳанд овард.

Тоҷикистону Қирғизистонро анъанаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамкории созанда ва дастгирии ҳамдигар, ки решаҳояшон аз умқи таърих маншаъ мегиранд, ба ҳам мепайванданд.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам ба Шумо изҳори итминон намоям, ки ҷониби Қирғизистон метавонад дастгирӣ ва мусоидати имконпазири моро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520