Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар вохӯрӣ бо аҳли илму маориф доир ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ

23.12.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Ҳозирини гиромӣ!
Мӯҳтарам зиёиён ва аҳли маориф!

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, рушди иқтисодӣ ва такомули муносибатҳои нави ҷамъиятӣ устуворона қадам мегузорад.

Ва ин ба даврае рост меояд, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ва пешрафти бесобиқаи илму технологияҳои нав дунёро фаро гирифтаанд ва имрӯз мафҳуми илму дониш ҳамчун асоси рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа барои ҳамагон аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад.

Дар замони муосир масъалаи татбиқи дастовардҳои илмиву техникӣ ва технологияи муосир ба яке аз омилҳои муҳими тавсеаи рақобатпазирӣ ва ҳарчи муассир кардани нуфузи кишварҳо дар арсаи ҷаҳон табдил ёфтааст.

Нерӯи давлатҳо имрӯз дар баробари қудрати сиёсию ҳарбӣ аз рӯи инкишофу истифодабарии илму техника ва технологияи муосир арзёбӣ мегардад.
Бо дарки ин падидаи хоси аср мамлакатҳои хурду бузург барои пешрафти соҳаҳои муосири илму технология азму талош намуда, кӯшиш доранд, ки мақоми сиёсию иқтисодиашонро дар ҷаҳон ва минтақаҳои алоҳидаи он боз ҳам мустаҳкам гардонанд.

Дар натиҷа рақобати байни кишварҳо, ки қонуни табиии инкишофи ҷомеаи ҷаҳонист, торафт шиддат мегирад.

Аз ин лиҳоз, моро ҳам зарур аст, ки бо ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ дар ин самт тадбирҳои ҷиддӣ андешем ва мақому мартабаи кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз бештар таҳким бахшем.

Дар ин давра маҳз давлатҳое ба комёбӣ ноил мегарданд, ки ба инкишофи илмҳои нави техникӣ ва ҳарчи самараноктар дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмию технологӣ диққати бештар медиҳанд.

Имрӯз мо шоҳид ҳастем, ки кишвару минтақаҳои алоҳида бо истифода аз дастовардҳои илму техника бо як ҷаҳиш чанд зинаи рушдро паси сар карда, дар давраи нави инқилоби технологӣ қарор гирифтаанд.

Инро таҷрибаи рушди Япония дар давраи баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, як қатор кишварҳои дигари Осиё, аз ҷумла Малайзия, Сингапур, Кореяи Ҷанубӣ ва ҳиндустони имрӯза хеле хуб собит месозад.

Вобаста ба ин, барои мамлакати мо масъалаҳои шинохту арзёбии иқтидори воқеии техникии кишвар, омӯхтан ва самаранок истифода бурдани технологияи ҳозиразамон аҳамияти ҳалкунанда пайдо менамояд.

Зеро дар шароити кунунӣ тараққиёти босуръати иқтисодиёти миллиро, алалхусус дар соҳаҳои барои мо ҳаётан муҳим - гидроэнергетика, коммуникатсия, бахшҳои гуногуни саноат ва комплекси агросаноатӣ бе истифодаи дастовардҳои илму техникаи муосир тасаввур кардан ғайриимкон аст.

ҳамчунин бояд дар назар дошт, ки замони ҷаҳонишавӣ дар баробари зарурати таъмини истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ таҳкими иқтидори зеҳниро низ тақозо мекунад.

Ин воқеият дар навбати худ масъалаи рушди илму маорифро ба миён мегузорад.

Тарбияи мутахассисони соҳибмаълумот, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ ва густариши тафаккури техникии ҷомеа ва қабл аз ҳама ҷавонон, аз ҷумлаи масъалаҳои мубраме мебошанд, ки рушди имрӯзу фардои иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз ҳалли онҳо вобаста мебошад.

Бо мақсади такони тоза бахшидан ба иҷрои вазифаҳои дар пешистода мо соли 2010-умро Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон кардем ва дар ин хусус фармони махсуси Президенти Тоҷикистон низ қабул гардид.

Маълум аст, ки дар давоми як сол мо наметавонем ҳамаи масъалаҳо ва вазифаҳои муайяншударо ҳал намоем. Вале мо имкон дорем, ки дар ин муддат заминаи мусоидро барои оянда фароҳам оварда, ба ташаккули фарҳанги илмию техникии ҷомеа, ҷалби технологияҳои нав, инноватсия ва дар маҷмӯъ ба таҳкими иқтисоди миллии мамлакат такони ҷиддӣ бахшем ва дар ин замина суръати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро тезонем.

Бовар дорам, ки ин иқдоми ҳукумати мамлакат аз ҷониби олимону мутахассисон ва аҳли ҷомеа хуб пазируфта мешавад ва дар Соли маориф ва фарҳанги техникӣ олимону омӯзгорон, донишмандону муҳаққиқони мо тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он сафарбар мекунанд, ки дар мамлакат барои тарбияи насли ихтироъкору навовар ва рушди сифатан нави илму технологияи муосир фазои мусоид фароҳам оварда шавад.

Дар робита ба ин, бо назардошти вазъи кунунии илму маориф дар мамлакат, мехоҳам оид ба имконияту иқтидорҳои зеҳнии кишвар, сатҳи тафаккури илмию техникӣ ва баъзе хусусиятҳои хоси ташаккули фарҳанги техникии ҷомеа фикру мулоҳизаҳоямро баён намоям.

Яке аз роҳҳои муҳими рушди соҳаи маориф ин ислоҳоти ботадриҷи низоми таҳсилоти ҳамаи зинаҳо маҳсуб меёбад. ҳадафи ниҳоӣ дар ин самт фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккули низоми таҳсилоти муосир ва ҷавобгӯи талаботи замон мебошад.

Бо мақсади ба сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ баровардани соҳаи маориф ва гузаштан ба усулҳои муосири таълиму тарбия аз ҷониби ҳукумати мамлакат маблағгузории давлатии соҳа сол аз сол афзоиш ёфта, ба таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ диққати махсус дода мешавад.

Чунончи, агар дар соли 2000-ум маблағгузории ин соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ 42 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2009-ум, яъне дар давоми 9 соли охир ба 1 миллиарду 110 миллион сомонӣ расида, афзоиши он 27 баробарро ташкил медиҳад.

Дар замони истиқлолият аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо қариб 1000 иншооти соҳа бунёд ва таъмиру таҷдид карда шуданд. Танҳо соли равон ба маблағи умумии 123 миллион сомонӣ 210 бинои мактаб барои 35 ҳазор хонанда бунёд гардидааст.

Имрӯз дар мамлакат 135 литсею гимназия, аз ҷумла 25 мактаби хусусӣ фаъолият дорад. Дар ҳоле ки соли 1991 шумораи чунин муассисаҳои таълимӣ ҳамагӣ 5 адад буд.

ҳукумат ҳамчунин ба компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. То имрӯз дар доираи барномаи дар ин самт қабулгардида мактабҳои кишвар бо 27 ҳазор компютер таъмин карда шудаанд, ки ин 76 фоизро ташкил медиҳад.

Дар сурати иҷрои пурраи барномаи мазкур мо имконият пайдо мекунем, ки дар тамоми соҳаи маориф бо ташкил кардани шабакаи ягонаи коммуникатсионӣ низоми муосири технологияи иттилоотиро ҷорӣ намоем.

Вобаста ба ин, вазоратҳои маориф, молия, рушди иқтисод ва савдо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки иҷрои пурраи чорабиниҳои барномаи мазкурро дар мӯҳлатҳои муайянгардида таъмин намоянд.

Дастовардҳои мо дар самти фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилоти олӣ низ назаррасанд. Имрӯз дар кишвар 29 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амал мекунад, ҳол он ки шумораи онҳо то истиқлолият 13 ададро ташкил мекард.

Ду сол қабл бо қарори ҳукумати мамлакат ду муассисаи нави таҳсилоти олии техникӣ - Донишкадаи энергетикӣ дар шаҳри қӯрғонтеппа ва Донишкадаи кӯҳию металлургӣ дар шаҳри Чкалов таъсис дода шуд.

Бо мақсади васеъ гардондани имкониятҳои тарбияи кадрҳои миллии соҳаи муҳандисию техникӣ бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта ва усулҳои муосири таълим соли равон дар шаҳри Душанбе филиали Донишгоҳи давлатии Москва таъсис ёфт.

Илова бар ин, мо мақсад дорем, ки дар ояндаи наздик филиалҳои як қатор таълимгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Донишкадаи энергетикӣ ва Донишгоҳи пӯлод ва хӯлаи Москва, ҳамчунин Донишгоҳи миллии техникии Харковро таъсис диҳем.

Дар баробари ин, вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда шудаанд, ки масъалаи ба донишкадаҳои сохторӣ табдил додани филиалу шӯъбаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии техникии мамлакатро баррасӣ карда, ба ҳукумат пешниҳодоти мушаххас манзур намоянд.

ҳамзамон бояд гуфт, ки ҳамаи ин пешравиҳо дар шароити имрӯза моро ҳанӯз пурра қонеъ гардонида наметавонанд.

Ин моро водор мекунад, ки вобаста ба талаботи замону имконоти мавҷуда самтҳо ва чорабиниҳои дар ин соҳаҳо ба нақша гирифташударо таҷдиди назар карда, роҳҳои нави истифодаи самараноки дастовардҳои илм ва технологияҳои инноватсиониро дар иқтисоди миллӣ ҷустуҷӯ ва пайдо намоем.

Барои расидан ба ин ҳадаф, мо бояд пеш аз ҳама ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эътимод ба нерӯи ақлонии худ тарбия намуда, онҳоро ҳарчи бештар ба донишандӯзӣ, аз ҷумла омӯзиши фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва илму техникаи муосир раҳнамоӣ созем.

Зеро мо ба ҷавонони дорои қобилияти баланди ақлонӣ, ки барои татбиқ ва истифодаи навгониҳо омодаанд ва дар оянда элитаи зеҳнии миллатро ташкил медиҳанд, ниёз дорем.

Дар ин замина, мо бояд шахсияти соҳибилму озодандешеро тарбия намоем, ки ба қобилият ва истеъдоди худ бовар дошта, пайваста дар талоши фарогирии илму технологияи ҳозиразамон мебошад.

Ташаккули нерӯи зеҳнии дорои ҷанбаи эҷодӣ, навовариву ихтироъкорӣ ва рақобатпазир гардонидани тафаккури шахсият аз овони кӯдакӣ ва наврасӣ, яъне аз боғчаи кӯдакон ва мактаби миёна оғоз гардида, дар таълимгоҳҳои олӣ ва марказҳои илмӣ тақвият меёбад.

Ин амр зарурати дар оянда васеъ гардонидани шабакаи мактабҳои нави равиявиро, ки ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ нигаронида шудаанд, ба миён меорад.

Вобаста ба ин, Вазорати маориф вазифадор карда мешавад, ки масъалаи дар соли 2011 таъсис додани литсейи Президентии ҷумҳуриявии хонандагони болаёқатро дар шаҳри Душанбе барои таълими на камтар аз 1000 хонанда бо ҷалби омӯзгорони варзида ва беҳтарин хонандагон аз тамоми манотиқи кишвар мавриди баррасӣ қарор дода, дар ин хусус ба ҳукумат хулосаҳои мушаххас пешниҳод намояд.

Таъмини пурраи мактабҳои миёна бо омӯзгорон, такмили нақшаву барномаҳои таълимӣ, бахусус фанҳои техникӣ, дақиқ ва табиатшиносӣ, ҳамчунин таҳкими заминаи моддиву техникии онҳо аз ҷумлаи вазифаҳое мебошанд, ки имрӯз ҳаллу фасли бетаъхири худро тақозо мекунанд.

Вобаста ба ин, бояд ба раванди тайёр намудани кадрҳои омӯзгории ҷавобгӯи талаботи замон, ки тавонанд насли донишманду баркамоли муосирро тарбия намоянд, аҳамияти махсус дода шавад.

Омӯзгорон бояд Консепсияи миллии тарбияро хуб донанд ва мазмуну мундариҷаи онро эҷодкорона дар амал татбиқ намоянд.

Онҳо вазифадоранд, ки дар баробари таълими донишҳои касбӣ ва тарбияи насли наврас дар масъалаи роҳнамоии дурусти ҷавонон ба зиндагӣ низ саҳмгузор бошанд.

Дар робита ба ин, мехоҳам бори дигар нақши падару модарро дар соҳибмаълумот кардани фарзандон ва омода намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона зикр намоям.

Фикр мекунам, ки ҳар як падару модар бояд масъулияти хешро дар назди фарзанд эҳсос намояд ва имрӯз зарурати таҳия ва қабули қонун дар бораи масъулияти падару модар барои тарбия ва донишандӯзии фарзандон ба миён омадааст.

Аз ин лиҳоз, ба Вазорати маориф ва дигар вазорату идораҳои марбута супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти арзишҳои умумибашарӣ, муқаррароти Конвенсияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва дигар санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон лоиҳаи қонуни дахлдорро таҳия карда, ба баррасии ҳукумат пешниҳод намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Эътироф бояд кард, ки дар тӯли даҳсолаҳои охир мо бештар ба омӯзиши илмҳои гуманитарӣ майлу рағбат доштем ва дар масъалаи азхудкунии илмҳои дақиқу техникӣ кам ташаббус нишон медодем.

ҳол он ки зарурати такмили омӯзиши ин фанҳо, ки барои ташаккули тафаккури техникиву ихтироъкорӣ ҳамчун таҳкурсӣ хизмат мекунад, имрӯзҳо ҳатто дар давлатҳои пешрафта боиси нигаронӣ шудааст.

Чунончи, мутобиқи маълумоти коршиносон мактаббачагони Штатҳои Муттаҳидаи Амрико аз хонандагони давлатҳои мутараққӣ, ба монанди Англия, Нидерландия, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур ва ғайра қафо монда истодаанд.

Модоме, ки ин масъала дар маркази таваҷҷӯҳи ҷомеаи кишварҳои пешрафта қарор дорад, пас мо оё метавонем, ки нисбат ба он бетафовут бошем?

ҳамчун қадами аввал дар ин самт мо бояд барномаи махсуси омӯзиши илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, ба монанди математика, информатика, физика, химия, биология, экология ва амсоли онҳоро таҳия ва татбиқ намоем.

Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф супориш дода мешавад, ки зимни гузариш ба низоми нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ стандартҳои давлатии таълим ва нақшаву барномаҳои таълимиро бо дарназардошти омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ аз нав таҳия ва тасдиқ намуда, истифодаи онҳоро дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон таъмин намояд.

ҳамзамон бо ин, хотиррасон месозам, ки дар ин раванд ба саросемагӣ ва иштибоҳ роҳ дода нашавад.

Бинобар ин, Вазорати маориф барои омӯзиш ва таҳлили тағйиру иловаҳое, ки ба стандартҳои давлатӣ ва нақшаҳои таълимӣ, мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсии таълимгоҳҳои миёна ва олии касбӣ ворид карда мешаванд, аз ҳисоби омӯзгорон, олимон ва мутахассисони ботаҷрибаи соҳаҳои гуногун гурӯҳҳои кории доимамалкунанда таъсис диҳад.

Дар баробари такмили низоми таълими илмҳои тақвиятдиҳандаи нерӯи зеҳнии хонандагон масъалаи таҷдиди назар кардани мазмун ва мундариҷаи фанни технологияи меҳнат ва тақвияти раванди касбомӯзӣ, аз ҷумлаи корҳои муҳим мебошад.

Масъалаи дигаре, ки дар соҳаи маориф мо ба он бояд таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоем, ин ташаккули низоми раҳнамоии касбии хонандагон мебошад. Зеро он омили муҳими интихоби бошууронаи касбу ҳунар ва равияҳои касбӣ аз ҷониби хонандагон маҳсуб меёбад.

ҳоло қариб дар тамоми давлатҳои мутараққии ҷаҳон ин низом ба таври мукаммал амал мекунад. Чунин таҷрибаи муфиди роҳнамоии талабагон ба интихоби касбу ҳунарҳои мухталиф пештар дар мо низ мавҷуд буд ва хонандагон аллакай дар давраи мактабхонӣ имконияти соҳибкасб шуданро доштанд.

Аз ин рӯ, ба Вазорати маориф зарур аст, ки дар мактабҳои таҳсилоти миёна ҷорӣ кардани дарсҳои беруназсинфиро доир ба интихоби касб таъмин карда, санадҳои меъёрии дар ин самт амалкунандаро ба талаботи замона мутобиқ гардонад ва ҷиҳати таҳияву қабули консепсия, инчунин барномаи нави касбомӯзии хонандагон тадбирҳои мушаххас андешад.

Эҷоди фазои мусоиди ихтироъкориву навоварӣ такмилу тақвияти заминаи моддиву техникии кабинетҳои фаннӣ ва устохонаҳои таълимӣ дар мактабҳои миёна, ҳамчунин озмоишгоҳҳои илмҳои дақиқ ва табиатшиносиро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тақозо мекунад.

Озмоишгоҳҳои фанҳои тахассусии донишгоҳу донишкадаҳои техникию технологӣ бояд на танҳо ба гузаронидани таҷрибаҳои вобаста ба таълим машғул шаванд, балки имконияти ба роҳ мондани таҳқиқоти ҷиддии илмиро низ дошта бошанд.

Бинобар ин, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати то охири соли 2015 бо озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва кабинетҳои фаннӣ таъмин намудани тамоми муассисаҳои таълимӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

ҳамчунин, вақти он расидааст, ки фаъолияти муассисаҳои беруназмактабӣ, аз қабили марказҳои техникҳои ҷавон, бюроҳои конструкторӣ, академияҳои хурд ва мактабҳои тобистонаи физикию математикӣ муассир гардонида шавад.

Аз ин рӯ, вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва вилояту кишвар дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида, баргузор намудани озмунҳо ва ташкили намоишгоҳҳои навоварию ихтироъкориҳои хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорон ва олимони ҷавонро ба роҳ монанд.

ҳамчунин аз давраи мактабхонӣ барои андӯхтани донишҳои соҳаи молия ва соҳибкорӣ сафарбар намудани наврасон низ тақозои замон мебошад.

Шиносоӣ бо оддитарин қонуниятҳои иқтисоди бозорӣ, қобилияти ташаббускорӣ ва андешаронии пурвусъат, муфид ва самараноку сарфакорона истифода бурдани пасандозҳои молиявӣ наврасону ҷавононро ба эҷодкорӣ ва ҳаёти мустақилона дар замони муосир омода месозанд.

Дар баробари ин, мо бояд ба ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ба маҳфилҳои илмиву озмунҳои фаннӣ диққати ҷиддӣ диҳем, то ки онҳо барои муаррифии истеъдоди худ дар дохил ва хориҷи мамлакат имконияти бештар пайдо кунанд.

Тӯли солҳои охир мактаббачагону донишҷӯёни мо дар чандин олимпиада ва озмунҳои байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори бисёр медалу мукофотҳо гардидаанд. Ин дастовардҳои хонандагони тоҷик далели он аст, ки насли навраси мо мисли ҳамсолони хориҷии худ лаёқатманд буда, дорои тафаккури рақобатпазир мебошанд.

Зимнан, Вазорати маорифро зарур аст, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи минбаъдаи истеъдоди ғолибони олимпиадаву озмунҳо, бахусус аз рӯи фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намояд.

Дар робита ба ин, бояд вазоратҳои маориф ва молия доир ба гузаронидани олимпиадаҳои ҷумҳуриявии аспирантҳо ва мактаббачагон аз рӯи фанҳои дақиқ, инчунин баланд бардоштани ҳаҷми мукофотпулиҳо барои ғолибон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бо мақсади бештар ҳавасманд гардонидани мактаббачагон ва аспирантҳо ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва техникӣ ба вазоратҳои маориф, молия, рушди иқтисод ва савдо супориш дода мешавад, ки дар бораи ду баробар зиёд гардонидани шумора ва ҳаҷми стипендияҳои президентӣ низ чораҷӯӣ намоянд.

Чунон ки гуфтем, дар ҷаҳони муосир илму маориф ҳамчун сарчашмаи бунёдии пешрафти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва дар ин замина таъмини некӯаҳволии мардум аҳамияти торафт афзоянда пайдо мекунад.

Вобаста ба ин бори дигар таъкид месозам, ки ҳукумати Тоҷикистон ривоҷи илму маорифро ҳамчун омили афзалиятноки таҳаввулоти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ахлоқию маънавии ҷомеа меҳисобад ва бинобар ин, рушди минбаъдаи онҳоро таъмин менамояд.

Ба ҳамаи шумо - ҳозирини мӯҳтарам маълум аст, ки забондонӣ воситаи муҳимтарини ташаккули фарҳанги техникии ҷомеа мебошад.

қонуни ба наздикӣ дар бораи забони давлатӣ қабулгардида моро ба он водор менамояд, ки омӯзиш ва густариши ҳамаҷонибаи забони давлатиро бо диди нав ва бо дарназардошти имкониятҳои замони муосир мавриди таваҷҷӯҳ қарор диҳем.

Дар ин раванд ба он бояд муваффақ шуд, ки истифодаи забони тоҷикӣ дар омӯзиш ва корбарии техникаи муосири компютериву коммуникатсионӣ тадриҷан васеъ гардад.

Аз ин лиҳоз, марказҳои илмӣ ва олимони кишварро зарур аст, ки ҷиҳати фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои истифода бурдани забони давлатӣ дар барномаҳои иттилоотиву компютерӣ тадқиқоти илмиро ба анҷом расонанд ва онҳоро дар амал татбиқ намоянд.

Ин барои ҳам ба забони муосири илмӣ мубаддал гардонидани забони давлатӣ ва ҳам баланд бардоштани фарҳанги техникии ҷомеа қадами назаррас хоҳад шуд.

Масъалаи васеъ гардонидани имкониятҳои истифодаи техника ва технологияи компютерӣ дар коргузорӣ, истеҳсолот ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамчунин зарурати омӯзиши забонҳои хориҷиро ба миён меорад.

Забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ омили муҳими ворид шудани ҳар як фард ба фазои тамаддуни муосир маҳсуб меёбанд.

Забондонӣ имконияти бевосита сарукор доштани шаҳрвандонро бо техникаю технологияи нав васеъ гардонда, дастрасӣ ба маводи иттилоотии техникиро, ки аксаран бо ин забонҳо таълиф мешаванд, осон месозад.

Дар ин маврид таъкид карданӣ ҳастам, ки ҳанӯз соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида буд.

Дар асоси ин Фармон аз ҷониби ҳукумат Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши ин забонҳо барои солҳои 2004-2014 қабул гардида, зина ба зина амалӣ шуда истодааст.

Сарфи назар аз чораҳое, ки дар доираи барномаи мазкур андешида шудаанд, ҳанӯз сатҳи азхудкунии забонҳои хориҷӣ дар ҷомеаи мо ҷавобгӯи талаботи замон нест.

Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва дигар вазорату идораҳои марбутаро зарур аст, ки бо роҳи таҳкими базаи моддиву техникии омӯзиши забонҳои хориҷӣ раванди таълим ва омӯзиши босамари онҳоро дар ҳама зинаҳои таълим таъмин намоянд.

Дӯстони азиз!

ҳамкории зичи донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ бо мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва миёнаи касбӣ дар маҷмӯъ омили муҳими самаранок истифода бурдани васоити техникаи муосир буда, саҳми онҳоро дар омӯзиши илмҳои замонавӣ ва баланд бардоштани нерӯи зеҳнии ҷомеа назаррас мегардонад.

Чунин гузориши масъала иштироки фаъоли таълимгоҳҳои олӣ ва марказҳои илмию тадқиқотиро дар раванди донишандӯзӣ ва азхудкунии малакаи техникии нав ба дигар табақаҳои иҷтимоии аҳолӣ низ тақозо мекунад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки онҳо зимни татбиқи Барномаи ҷумҳуриявии таълими калонсолон бо истифода аз имкониятҳои воқеии худ дар таъсис ва ташкили фаъолияти марказҳои омӯзиши касбу ҳунар ва технологияи замони муосир дар минтақаҳои гуногуни кишвар саҳмгузор бошанд.

Барои баланд бардоштани иқтидори техникию технологии кишвар масъалаи тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб аҳамияти хоса пайдо мекунад.
ҳар фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки асри XXI такмили ҳамарӯзаи донишҳои касбиро талаб мекунад. Зеро аксари донишҳои андӯхтаи мо аз лиҳози техникӣ бо мурури замон ва дар натиҷаи рушди бесобиқаи илм ва технология кӯҳна мешаванд.

Аз ин лиҳоз, мо бояд мутахассисонеро тарбия намоем, ки ин хусусияти хоси донишандӯзии асри навро азбар намоянд ва омода бошанд, то дар зиндагӣ принсипи «Такмили касб – тамоми ҳаёт»-ро пайваста амалӣ гардонанд.

Мутахассисони замони нав бояд ба беҳтарин дастовардҳои илмии ҷаҳонӣ шинос шаванд, то муваффақ бошанд ва донишҳои андӯхтаашонро барои афзун гардондани имкониятҳои рушди кишвар равона созанд.

Дар робита ба ин масъала бояд зикр кард, ки дар даврони истиқлолият миқдори зиёди кормандони соҳавӣ ва роҳбарони зинаҳои гуногун, чи аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва чи дар доираи барномаҳои байналмилалии рушд дар бисёр давлатҳои ҷаҳон маҳорати касбиашонро сайқал додаанд.

Барои мисол, то имрӯз танҳо ба воситаи Агентии оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Япония зиёда аз 1200 нафар кадрҳои соҳаҳои гуногун ихтисоси худро такмил додаанд.

Вале, мутаассифона, на ҳамаи онҳо донишҳои андӯхтаашонро дар фаъолияти худ самаранок истифода мебаранд.

Раванди интихоб ва ба хориҷа барои таҳсил фиристодани шаҳрвандонамон низ айнан дар чунин ҳолат қарор дорад.

Мақсади дар хориҷи кишвар аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва квотаҳои давлатҳои дигар тарбия намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ истифодаи самараноки онҳо дар рушди иқтисоди миллӣ мебошад.

Дар панҷ соли охир қариб 3000 нафар шаҳрвандон аз ҷониби вазорату идораҳои мамлакат ба хориҷи кишвар барои таҳсил фиристода шудаанд.

Мувофиқи ин нишондод бояд ҳар сол қариб 500 толибилм мактабҳои олии давлатҳои хориҷиро хатм намуда, ба Ватан баргардад.

Вале дар асл ҳар сол ҳамагӣ то 50 нафар бармегардад ва фақат як қисмаш бо кор таъмин карда мешаваду халос.

Аксари вазорату идораҳои соҳавӣ оид ба теъдоди донишҷӯён ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ аз ҳисоби шаҳрвандони мо, ҳамчунин бо кор таъмин кардани онҳо маълумоти пурра ва аниқ надоранд.

Ин далели возеҳи он аст, ки вазорату идораҳои дахлдор ба ин масъала бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд ва дар натиҷа ин нерӯи пуриқтидори ихтисосмандон дар рушди иқтисодиёти миллӣ самаранок истифода намегардад.

Аз ин нигоҳ зарур аст, ки роҳбарони сохторҳои марбута аз камбудиҳои мавҷуда хулосаҳои зарурӣ бароранд ва барномаҳои амалкунандаи омӯзиш, такмили ихтисос ва бозомӯзиро таҷдиди назар намоянд.

Инчунин, ба хотири таъмини шаффофияти ҷараёни интихоб ва барои таҳсил, такмили маҳорати касбӣ ва бозомӯзӣ ба давлатҳои мутараққии ҷаҳон фиристондани кормандон ва мутахассисони лаёқатманд чораҳои муассир андешидан лозим аст.

Вобаста ба ин, ба Комиссияи махсус оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ, Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» супориш дода мешавад, ки масъалаи дар хориҷи кишвар таҳсил намудани шаҳрвандон ва баъди хатм бо кор таъмин намудани онҳоро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешанд.

Илова бар ин, ҷиҳати муҳайё сохтани шароити созгор барои гирифтани маълумоти олии касбии замонавӣ мувофиқи мақсад дониста мешавад, ки ҳамаи сохторҳои мамлакат, сарфи назар аз шакли моликияташон, ки ба мутахассисони соҳибкасб, махсусан кормандони муҳандисиву техникӣ ва менеҷерҳои соҳавӣ ниёз доранд, дар буҷети худ банди махсуси тайёр кардани онҳоро пешбинӣ намоянд.

ҳамзамон бо ин, вазорату идораҳои соҳавӣ ҷиҳати дастгирии моддии толибилмони лаёқатманд ва ҳавасмандгардонии онҳо бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

ҳамчунин вақти он расидааст, ки бонкҳои Тоҷикистон дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ имкониятҳои ба хоҳишмандон додани қарзҳои имтиёзноки дарозмуддатро барои гирифтани маълумоти олии касбии замонавӣ, гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва амалӣ намудани ихтирооту навовариҳои илмӣ дар истеҳсолот фароҳам оранд.

ҳамзамон, бо камоли итминон таъкид мекунам, ки мардуми мо метавонад аз нерӯи бузурги илму маърифати даврони муосир истифода намуда, фарҳанги техникиашро инкишоф диҳад ва дар ин ҷода ҳам мақоми сазовори худро дар ҷаҳони имрӯза соҳиб шавад.

Зиёиёни арҷманд!

Дар давраи муосир яке аз роҳҳои расидан ба тараққиёти навгонӣ ва дар ин замина мустаҳкам гардонидани рақобатпазирии кишвар тақвияти омӯзишу инкишофи илму технологияи замонавӣ, алалхусус чунин равияҳои ояндадори онҳо, ба монанди нанотехнология, технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва биотехнология мебошад.

Мо бояд моҳияти ин амрро дуруст дарк кунем ва ба инкишофи равияҳои мазкури илмӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоем. Зеро омӯзишу татбиқи дастовардҳои илму технологияи муосир омили ҳалкунандаи таҳкими иқтидори ҳар як кишвар маҳсуб меёбад.

Зарур аст, ки дар Тоҷикистон мисли мамолики дигари ҷаҳон дар донишгоҳҳои техникӣ омӯзиши амиқи технологияи муосир ба роҳ монда ва дар муассисаҳои илмӣ доираи таҳқиқоти равияҳои илмии ояндадор васеъ гардонида шавад. Ин раванд, албатта, маблағгузории калон ва нерӯи бузурги зеҳниро талаб мекунад.

Мусаллам аст, ки ҳаллу фасли масоили вобаста ба рушди ин соҳаи муҳими илми муосирро бе ҳамкории васеъ бо марказҳои илмии кишварҳои дигар тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки робитаҳои илмии байналмилалии худро ривоҷ дода, доираи иштироки олимону муҳаққиқони кишварамонро дар симпозиуму конфронсҳои бонуфуз ва тадқиқотҳои муштараки илмӣ васеъ гардонем.

Дар баробари тақвияти омӯзиши илмҳои муосир истифодаи дастовардҳои илмӣ ва технологияи ҳозиразамон дар истеҳсолот, алалхусус дар корхонаҳои саноатии кишвар барои тавлиди маҳсулоти рақобатпазир аҳамияти ҳалкунанда пайдо мекунад.

Маълум аст, ки бисёре аз олимону муҳаққиқони мо дар ихтироъкорӣ ва кашфиёти илмӣ саҳм доранд. Натиҷаи таҳқиқоти назариявӣ ва кашфиёти онҳо дар чунин равияҳои илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ба монанди ситорашиносӣ, зилзиласанҷӣ, генетика ва соҳаҳои гуногуни илми тиб назаррасанд.
Вале, мутаассифона, доираи татбиқи дастовардҳои илмии онҳо нисбатан маҳдуд мебошад.

Тезутундшавии рақобат барои ба даст овардани захираҳои инкишоф дар сатҳи ҷаҳониву минтақавӣ олимону ихтироъкорони моро водор месозад, ки барои муайян кардани роҳҳои ҳалли масъалаҳои умдаи рушди иқтисоди миллӣ таҳқиқот гузаронида, дар ин замина лоиҳаҳои самарабахши аз лиҳози илмӣ асоснокшударо пешниҳод намоянд.

Дар ин самт таҳияи маълумоти дақиқ оид ба захираҳои табиӣ, аз ҷумла манбаъҳои энергетикӣ ва канданиҳои фоиданок, тарҳрезии илмии истеҳсолот, бахусус дар соҳаҳои гидроэнергетика ва истихроҷи маъдан, саноати сабуку хӯрокворӣ ва коммуникатсия аҳамияти аввалиндараҷа пайдо кардааст.

ҳамчунин муассисаҳои илмии моро зарур аст, ки самтҳои таҳқиқоти худро барои иҷрои фармоиши корхонаҳои соҳаи металлургияи ранга, нафту кимиё, истеҳсоли маводи сохтмон ва дигар соҳаҳои бозори истеъмолӣ мувофиқ гардонанд.

Ин ба ҳамбастагии амиқи илму амалия мусоидат намуда, корхона ва идораҳои манфиатдорро водор мекунад, ки дар тақвияти нерӯи муассисаҳо ва марказҳои илмӣ, васеъ гардонидани имкониятҳои тадқиқотии онҳо фаъолона ширкат варзанд.

Дар ин самт вазорату идораҳои дахлдори кишвар бояд ҳамкории мақсаднокро бо муассисаҳои илмии мамлакат ба роҳ монда, барои ?алби олимон ва муҳаққиқони ҷавон ба раванди гузаронидани тадқиқоти илмии соҳавӣ, инчунин фаро?ам овардани имкониятҳои мусоид барои фаъолияти илмиион?о тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар робита ба ин, зарурати таъсис додани паркҳои техникӣ ҳамчун марказҳои ихтироот, навоварӣ ва макони татбиқи онҳо дар истеҳсолот ба миён меояд.

Бинобар ин, вазоратҳои маориф, адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо вазифадор карда мешаванд, ки дар якҷоягӣ лоиҳаи қонуни Ҷум?урии Тоҷикистонро «Дар бораи марказҳои илмиву фановарӣ» дар муддати се моҳ таҳия намуда, ба баррасии ҳукумат пешниҳод созанд.

Дар баробари ин, ҳамбастагии илму амалия зарурати ҳамгироии илмҳои академӣ, донишгоҳӣ ва соҳавиро тақозо менамояд.

Бо истифода аз нерӯи зеҳнии донишгоҳҳо, пояи моддиву техникии институтҳои академӣ, имконоту шароит ва талаботи истеҳсолот мумкин аст ба дастовардҳое ноил шавем, ки метавонанд заминаи боэътимоди рушди ҷомеа гарданд.

Ҷараёни рушди иқтисоди ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки мо барои ба меъёрҳои муосир наздик гардонидани сатҳи зиндагии мардум бояд тамоми нерӯю имкониятҳои худро ба ташаккули иқтисодиёти сифатан нав, яъне иқтисодиёти хусусияти навгонидошта сафарбар намоем ва мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии худ дар ин самт ислоҳоту бозсозии амиқи соҳаҳои гуногунро таъмин намоем.

Дар ин давраи созандагӣ ва ислоҳоти бунёдӣ нақш ва саҳми муассисаҳои илмии кишвар, бахусус Академияи илмҳо ҳамчун маркази муҳими илмӣ ва ташаккулдиҳандаи афкори пешқадами ҷомеа ба маротиб меафзояд.

Ин амр дар навбати худ зарурати ба талаботи замон мутобиқ гардонидани фаъолияти муассисаҳои илмии мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи самаранокии кори онҳоро тақозо менамояд.

Академияи илмҳои мо, ки ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ мутобиқ ба шароиту имкониятҳои он давра таъсис ёфта буд, то ба имрӯз фаъолияти худро дар ҳамон шакли сохторӣ пеш мебарад ва самаранокии он солҳои охир кам эҳсос мешавад.

Ин моро водор месозад, ки дар бораи ислоҳоти идорӣ ва усулии пешбурди корҳои илмиву тадқиқотии ин муассисаи илмӣ ба таври ҷиддӣ андеша намоем.

Бинобар ин, ба ҳукумати Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки барои омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала аз ҳисоби олимони варзида ва мутахассисони сохторҳои марбутаи давлатӣ комиссияи босалоҳиятро таъсис дода, дар мӯҳлати се моҳ доир ба таҷдиди сохторию идории Академияи илмҳо пешниҳодҳои мушаххас манзур намояд.

Таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки ба роҳ мондани маблағгузории марказҳои илмӣ ва озмоишгоҳҳои мактабҳои олӣ дар асоси фармоишҳои давлатӣ ва вобаста аз дастовардҳои илмии онҳо мувофиқи мақсад мебошад.

Чунин тарзи маблағгузорӣ олимону муҳаққиқонро ҳавасманд намуда, онҳоро водор месозад, ки ҳамқадами замон бошанд ва ба гузаронидани тадқиқоти пурмаҳсули илмӣ ва татбиқи натиҷаҳои кори худ дар амал эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Бо дарназардошти ин далел, пешниҳод карда мешавад, ки аз соли 2011 оғоз карда, маблағгузории давлатии сохторҳои илмию тадқиқотӣ аз рӯи натиҷа ва самаранокии корҳои анҷомдодаи онҳо амалӣ гардад.

Ва баръакс, дар ҳолати мавҷуд набудани натиҷаҳои кофию назарраси тадқиқоти илмӣ ва татбиқи онҳо маблағгузории давлатӣ барои ин гуна сохторҳо қатъ карда шавад.

Умуман, дар раванди ислоҳоти соҳаи илм ба он бояд муваффақ шуд, ки натиҷаҳои навоварӣ, ихтироъкорӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолоти воқеии мамлакат меъёри асосии арзёбӣ ва қадрдонии фаъолияти олимону муҳаққиқон гардад.

Ҳозирини гиромӣ!

Рушду нумӯи бесобиқаи илму технологияи ҷаҳони муосир моро ба он ҳидоят менамояд, ки барои расидан ба ормони волои халқамон, яъне тараққиёти босуботи ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва рақобатпазир гардонидани кишвари худ барномаҳои навро таҳия кунем ва онҳоро дар амал татбиқ намоем.

Чунон ки маълум аст, бо мақсади ноил гаштан ба ин ҳадафҳо моҳи августи соли 2006-ум аз ҷониби ҳукумат Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи илму технология барои солҳои 2007-2015 тасдиқ шуда буд.

Ва боиси қаноатмандист, ки як қатор тадбирҳои дар ин санад муқарраргардида аллакай мавриди амал қарор гирифтаанд. Сарфи назар аз ин, имрӯз вақти он расидааст, ки ҳуҷҷати мазкурро, бо дарназардошти талаботи замон ва тағйироти куллие, ки дар ҷаҳони муосир ба вуқӯъ мепайванданд, таҷдиди назар намоем.

ҳамчун қадами аввал дар ин самт зарур мешуморам, ки дар кӯтоҳтарин муддат Барномаи инноватсионии тараққиёти Тоҷикистон ва рақобатпазир гардонидани кишварро таҳия карда, ба вазифаҳои стратегии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои солҳои 2007-2015 аз нигоҳи талаботи замон тағйиру иловаҳо ворид намоем.

Барои ҳалли ин масъала пешниҳод карда мешавад, ки ҳуҷҷати мазкур дар асоси озмуни озод таҳия ва қабул гардад.

Бовар дорам, ки олимон ва мутахассисони варзидаи кишвар доир ба ин санади муҳим пешниҳодҳои мушаххаси илман асоснокшуда манзур намуда, дар таҳияи он саҳми босазо хоҳанд гузошт.

Халқи Тоҷикистон имрӯз дар марҳалаи такомули давлати миллии худ қарор дорад ва дар назди ҷомеаи мо масъалаҳои зиёди ҳалталаби иқтисодиву иҷтимоие истодаанд, ки наметавонанд яку якбора ҳаллу фасли пурраи худро ёбанд.

Аксари давлатҳои ҷаҳон ин марҳалаи мушкили соҳибистиқлолӣ ва рушду такомули худро тай кардаанд.

Дар ин раванд маҳз он кишварҳое соҳиби иззату эҳтиром ва қадру манзалат гаштаанд, ки рушди илмҳои замонавӣ ва татбиқи васеи технологияи муосирро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати худ донистаанд.

Масъалаҳои дарпешистода ҳамон вақт ҳалли худро меёбанд, ки агар ҳамаи шаҳрвандони мамлакат дар ҳамдастӣ андеша ва манфиатҳои миллии кишварро ҳифз намуда, барои татбиқи ҳадафҳои стратегии он азму талоши худро дареғ надоранд.

Чунин гузориши масъала ҳар фарди бедордили ҷомеаро ба он водор месозад, ки барои тараққиёти ояндаи мамлакат масъулияти хешро дарк намояд ва дар таъмини пешрафти босуботи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саҳмгузор бошад.

Дар робита ба ин мехостам бори дигар аҳамияти сохтмони нерӯгоҳи барои миллати мо тақдирсози Роғунро таъкид намоям.

Роғун ин на танҳо манбаи гармию рӯшноӣ, балки омили муҳими ба кор андохтани садҳо корхонаҳои саноатии замонавӣ, иншооти иҷтимоӣ, марказҳои илмию тадқиқотӣ, муҳайё сохтани ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардонидани буҷети кишвар ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.

Бунёди ин иншооти бузурги аср, ки ҷабҳаи созандагии мардуми фидокору сарбаланди мо эълон шудааст, дар ташаккули фарҳанги техникии ҷомеа нақши муассир мегузорад.

Дар ин раванд, дар шароити ба маҷрои нав ворид шудани ҳаёти ҷомеа, мо пеш аз ҳама бояд тамоми имкониятҳои мавҷударо ба он равона намоем, ки Ватани азизи мо ҳамқадами сазовори замон бошад ва аз роҳи созандагиву ободонӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому манзалати худро афзун гардонад.

Итминони комил дорам, ки миллати тамаддунофару соҳибмаърифати тоҷик ба ин кор қодир аст ва дар ин роҳ мо ҳатман пирӯз хоҳем шуд.

Ҳамватанони азиз!

Дар фарҷоми сӯҳбати имрӯза боз ба як масъалаи ниҳоят муҳим ҷалб намудани таваҷҷӯҳи шуморо лозим медонам. ҳофизи бузург фармудааст, «Ки одамиро бадтар аз иллати нодонӣ нест». Воқеан, чунонки имрӯз таъкид сохтем, ягон кишвар, ягон ҷомеа бе рушди илму маориф, техника ва технологияи пешқадам ба ҷое намерасад ва дар ҳоли карахтӣ мемонад.

Вале, ҳамзамон як нуктаро фаромӯш набояд кард, ки башарият танҳо дар ҳамон сурат ба авҷи камолоти хеш мерасад, ки агар ба ду ҷанба, ба ду боли муқтадир такя бикунад.

Агар яке аз онҳо илму техника ва технологияи нав бошад, пас дигаре маънавиёт, ахлоқ ва ҳофизаи таърихӣ аст.

Агар ин ду ҷанба поянда ва тавъам набошанд, пас хатари ба бӯҳрони маънавӣ дучор омадани ҷомеа ва шикасти меъёрҳои ахлоқӣ дар миёни насли ҷавон ба вуҷуд меояд. ҳанӯз Саъдии хирадманд бо ишорат ба ин маънӣ фармуда буд: «Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият».

Ҷомеаи инсонӣ ҳам, ки аз афроди сершумори гуногунмиллату гуногунзабон ва гуногунмазҳаб иборат мебошад, бо олами ғании маънавӣ ва ахлоқи ҳамидаву шоиста шариф аст.

Рушди яктарафаи илму техника ва технология бе маънавиёт ҳатман боиси садамаю фоҷиаҳо дар ҷаҳон мегардад. Бинобар ин, мо дар баробари ташаккули тафаккури техникӣ бояд дар ҷомеа, алалхусус насли наврас маънавиёти баландро густариш диҳем, бо такя ба анъанаҳои неки миллию диниамон пояҳои ахлоқиро таҳким бахшем, инсондӯстиро тарғиб намоем, ба арзишҳои волои инсонӣ арҷ гузорем.

Танҳо дар ҳамон сурат ҷомеа солим ва комил мешавад, танҳо дар ҳамон сурат насли ҷавон ватандӯсту инсонпарвар ба воя мерасад, танҳо дар ҳамон сурат миллат соҳибэҳтиром мегардад.

Меъёри асосии муайян сохтани сатҳи камолоти ҳар давлату миллат ҳамин аст. Дар ниҳоди мардуми шарифи мо чунин тамоил ба сарбаландию озодагию шоистагӣ аз азал вуҷуд дорад ва бе ягон шубҳа бо мадади Яздони пок мо дар якҷоягӣ ба ҳамаи ҳадафҳои гузоштаамон мерасем.

Бо ҳамин ниятҳои нек ба маърӯзаи худ хотима бахшида, ба ҳамаи шумо сиҳатмандӣ, комёбӣ ва кашфиёту ихтирооти нави илмӣ орзу менамоям.

Саломат бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520