Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

22.12.2009 18:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони бонкҳо ва вазорату идораҳои соҳаи иқтисод ва молияи мамлакат оид ба омода кардан ва ба фурӯш баровардани саҳмияҳои нерӯгоҳи обии Роғун машварати корӣ доир намуд.

Оид ба корҳои омодагӣ баҳри чоп ва ба фурӯш баровардани саҳмияҳои нерӯгоҳи обии Роғун нахуст ахбори вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов ва Раиси Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов шунида шуд.

Аз ҷумла зикр гардид, ки нуқтаҳои фурӯши саҳмияҳо дар маркази тамоми вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто аксари ҷамоату деҳот кушода мешаванд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки Бонки Миллии Тоҷикистон, дигар бонкҳо ва тамоми системаи бонкӣ аз рӯзҳои аввали соли нав барои фурӯши саҳмияҳо ва қабули маблағҳои ҷамъшуда фаъол бошанд.

Вазорати молия вазифадор карда шуд, ки саҳмияҳоро саривақт ба нуқтаҳои фурӯши онҳо дастрас намояд.

Супориш дода шуд, ки ҳарчи зудтар механизми фурӯши саҳмияҳо ба шаҳрвандони бурунмарзии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар низ муайян карда шавад.

Сохторҳои дахлдори мамлакат вазифадор шуданд, ки шаффофияти воридшавии маблағҳо ва харҷи ҳадафманди онҳоро таъмин намоянд.

Таъкид гардид, ки тамоми бонкҳо, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ, ширкатҳою корхонаҳои хусусӣ, соҳибкорону тоҷирон ва ҳамаи нафарони сарватманду соҳибимкон, пеш аз ҳама, дар хариди саҳмияҳо бояд ташаббус нишон дода, намунаи ибрати дигарон шаванд.

ҳамзамон бо ин таъкид гардид, ки ин тадбири дорои аҳамияти стратегӣ ҳаргиз набояд садди роҳи корҳои дигари созандагию бунёдкорӣ шавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қотеона дастур дод, ки бунёди иншооти сершумор дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар вилоятҳою шаҳру ноҳияҳо, Китобхона ва Осорхонаи Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, роҳу пулҳо, нақбҳо, нерӯгоҳҳои дигари барқӣ ва тамоми иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар ҳамаи гӯшаҳои мамлакат мутобиқи нақшаҳои мавҷуда бемонеа идома дода шавад.

Изҳорӣ боварӣ карда шуд, ки даъвати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун бо маблағу имкониятҳои давлатӣ ва саҳмгузории шаҳрвандони баору номуси Тоҷикистон дастгирии ҳамаҷониба пайдо мекунад ва маблағҳои зарурӣ дар муддати кӯтоҳ ҷамъ мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520