Аз ноҳияи Тоҷикобод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт ташриф овард.
Дар назди деҳаи мулло Барот Президенти мамлакат дар фазои тантанавӣ як пули нави 226 – метраро, ки ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Раштро бо шоҳроҳи Душанбе-Ҷиргатол мепайвандад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Иқтидори борбардории ин пул 30 тонна буда, бо харҷи 10 миллиону 400 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Бо ҳамин маблағ ҳамчунин 14 километр роҳҳои маҳаллӣ низ навсозӣ шудаанд.
Зикр гардид, ки дар ҷараёни корҳои сохтмони иншооти мазкур 80 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Дар назди ҳамин пул Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори аҳолии ноҳияи Рашт сӯҳбатҳои дилнишин анҷом дод, ки дар фазои озоду ошкоро ва бо самимияту шукргузорӣ аз сиёсати ободонии кишвар ҷараён гирифт.