Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва соле, ки ба қарнҳо баробар аст

25.01.2005 08:00, шаҳри Душанбе

Боз як соли талошу саҳмгузориҳои мардуми меҳнатқарини мамлакат дар роҳи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, бунёдкорию созандагӣ, инкишофи муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои дуру наздики олам ва дар ҳамин замина устувор гардонидани мавқеи давлати навини Тоҷикистон дар арсаи байналмилал сипарӣ мегардад.

Соли 2004 дар марҳилаи кунунии соҳибихтиёрӣ аз ҳар ҷиҳат бою рангин ва боровару пурмӯҳтаво буд. Чун солҳои пешин бо раҳнамоии заковатмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз ҳама, таъмини некуаҳволии мардум, пешрафти иҷтимоиёт, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаҳои буҷетиро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи хеш қарор дод. Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2003 дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ аз 1 январи соли 2004 музди меҳнат, нафақа ва стипендия 25 фоиз баланд бардошта шуда, барои ҷубронпулиҳо ба оилаҳои камбизоат дар Буҷети давлатӣ барои соли 2004 20 миллион сомонӣ ва барои ҷубронпулии оилаҳои камбизоате, ки фарзандонашон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ таҳсил доранд, 8 миллион сомонӣ ҷудо гардид.

Тавре дар мулоқоти анъанавии ҳарсолаи худ бо аҳли зиё 20 марти соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, андозаи миёнаи музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ аз 5 сомонии соли 1997-ум ба 42,5 сомонӣ расид. Агар дар Буҷети давлатӣ барои соҳаи маориф дар соли 2000-ум 41 миллион сомонӣ ҷудо гардида бошад, соли 2004 ин рақам 173 миллион сомониро ташкил дод, яъне дар се сол маблағгузории танҳо соҳаи маориф шаш маротиба афзуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо эҳсоси масъулияти баланд ва дарки он ки маҳсули ақли инсон дар ҳазораи  сеюм ҳамчун сармояи арзишманд аз дигар сарватҳои табиӣ даромади бештар хоҳад овард, бо таъмини волоияти мақому мартабаи муассисаҳои таълимӣ баҳри тарбияи ворисони арзандаи соҳибмаърифат талоши ҳамаҷониба ба харҷ медиҳад.

Аз 1 июли соли 2004 унвонпулии узви пайвастаи Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми баробар ба 100 доллари ИМА ва узви вобастаи ин академия дар ҳаҷми баробар ба 50 доллари ИМА муқаррар карда шуд. Барои татбиқи амалии ин иқдом аз хазинаи эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 ҳазору 700 сомонӣ ҷудо гардид.

Бо мақсади  рушди илм ва тарбияи олимони ҷавон аз 1 июли  соли равон ҳаҷми стипендияҳои аспирантҳо се маротиба баланд ва 60 сомонӣ муқаррар гардида, барои таъмири хобгоҳи аспирантҳо маблағи муайян пешбинӣ карда шуд. Музди меҳнати кормандони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ аз 1 июли соли 2004 30 % боло рафт.

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи  татбиқи  ислоҳоти соҳаи маориф барои солҳои 2004-2009» вобаста ба тағйирот дар нақшаи таълимӣ ва танзими сарбории таълимии амалкунанда аз 1 сентябри  соли ҷорӣ музди  меҳнати  омӯзгорони  муассисаҳои  таҳсилоти умумӣ ба андозаи  25 фоиз баланд бардошта шуд, ки аз ҷониби аҳли  зиё падидаи неки ҳавасмандгардонӣ арзёбӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ бо ҳаёти  кормандони соҳаи маориф ва соҳаи тандурустӣ аз наздик шинос гардида, бо натиҷагирӣ аз ин сафарҳо аз хазинаи эҳтиётии худ барои таҷҳизонидан, таъмир ва сохтмони мактабҳои таҳсилоти умумии  шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ равона кард. Ҳамзамон барои рушди муассисаҳои таълимии минтақаи Рашт 1 миллиону 783 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, танҳо дар ду соли охир дар ноҳияи Рашт 26 мактаб, дар маҷмӯъ дар ин минтақа 75 мактаби дорои шароитҳои мусоиди таълимию технологӣ бунёд ва тармиму таҷдид гардид. Аз хазинаи эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҷети вилояти Хатлон 202 ҳазор сомонӣ ва барои таҷҳизонидан, таъмир, сохтмон ва барқарорсозии мактабҳои ноҳияи Восеъ 1 миллиону 420 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

Дар арафаи таҷлили 10 умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидани фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз 1 январи соли 2005 100 % баланд бардоштани  маоши кормандони соҳаҳои илм ва тандурустӣ ва дар маҷмӯъ 80 % боло бардоштани  маоши миёнаи кормандони соҳаҳои буҷетӣ, ки бо ин мақсад дар Буҷети давлатии соли оянда 220 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, боз як иқдоми наҷибонаву ғамхоронаи Сарвари Давлат дар ҷодаи беҳдошти иҷтимоиёти кишвар ва қадрдонию арҷгузорӣ ба заҳматҳои содиқонаи мардуми ҷумҳурӣ мебошад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини пахши барномаҳои телевизиони Тоҷикистон дар 5 ноҳияҳои водии Рашт, аз ҷумла Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол ва Тавилдара аз ҳисоби фонди захиравии худ 250 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Ҳамчунин барои чопи китобҳои адибону олимон дар соли ҷорӣ аз хазинаи эҳтиётии Президент 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Дар шаҳраки варзишии донишҷуёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо вазъи кунунии ин шаҳрак масъулинро барои анҷоми ҳарчӣ зудтари сохтмони бинои нӯҳошёнаи қабати Донишгоҳ, ки аз замони Шӯравӣ сохтмони он тӯл мекашид, вазифадор намуд, ки барои хонаҳои истиқоматии устодони Донишгоҳи давлати Хуҷанд омода карда шавад.

Барои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Суғд дар давоми ним сол аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ва аз хазинаи эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Маблағҳои аз хазинаи эҳтиётии Президент ҷудошуда барои сохтмони мактаб дар ноҳияи Айнӣ, сохтмони бинои Ҳукумат, ободонии шаҳраки Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон ва сохтмони мактаб дар шаҳри Панҷакент равона гардиданд.

Ҳамзамон дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби хазинаи эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони канал, хати интиқоли газ ва стансияи газтақсимкунӣ, болопӯш намудани се ҳафриёти мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм дар шаҳри Панҷакент 1 миллион сомонӣ ва аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои оилаҳои камбизоат ҷиҳати пардохти хароҷоти қувваи барқу газ 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои асосии марказонидашуда барои бунёди иншоотҳое, ки дар қаламрави вилояти Суғд аз тарафи вазорату идораҳои мамлакат сохта мешаванд, 8 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявии соли 2004 барои тараққиёти  муассисаҳои таълимӣ ва табобатию беҳдошти ва таъминоти моддию техникии онҳо пешбинишуда 1170100 (як миллиону яксаду ҳафтод ҳазору сад) сомонӣ ҷудо намояд, аз ҷумла: ба ноҳияи Рӯшон 312,500 сомонӣ, ба ноҳияи Ванҷ 221,200 сомонӣ, ба ноҳияи Дарвоз 136,400 сомонӣ, ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 500000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ ҷиҳати идома додани сохтмони бинои нави мактаби № 1 барои 640 талаба дар шаҳри Данғара равона мегардад. Ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявии соли 2004 барои рушди муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг ва варзиш пешбинишуда ба буҷети ноҳияи Рашт ҷиҳати ба анҷом расонидани таъмири Қасри фарҳанги ноҳия 100000 (сад ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шуд. Дар маҷмӯъ дар соли 2004 45 % Буҷети давлатӣ барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардид.

Бегуфтугӯ сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар қиёс бо нишондиҳандаҳои истеҳсолию молиявии солҳои сипаришуда фарқкунандаву умедбахш аст. Агар маблағи умумии қарзи хориҷӣ, ки дар соли 2003 66 % маҷмӯи  маҳсулоти дохилиро дар бар мегирифт, дар соли 2004 25 % кам гардид ва он 41 % маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил кард.

Соли 2004 дар таърихи муносиботи иқтисодию тиҷоратии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон марҳилаи бобарору самарбахш буд. Дар асоси созишномаҳои зимни сафари нахустини расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзорасида, қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Федератсияи Россия, ки 300 млн доллари амрикоро ташкил медод, ҳалли мусбати худро пайдо кард.

Бо дарназардошти ӯҳдадорӣ нисбати ҷалби сармоягузориҳо ба маблағи 550 млн. доллари ИМА, ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди «Русский Алюминий» сохтмони навбати аввали Нерӯгоҳи обии барқи Роғунро, ки иқтидораш дар як сол 4 млрд. кВт соатро ташкил медиҳад, то охири соли 2009 ба истифода медиҳад.

Дар асоси Созишнома аз ҷониби ҷамъиятии саҳҳомии «Русал» ба анҷом расонидани сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии «Сангтӯда-1» ва сохта ба истифода додани ду агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бо иқтидори 4,0 млрд кВт соат дар як сол пешбинӣ шудааст. Мавриди зикр аст, ки бо сохта ба истифода додани Нерӯгоҳи барқии обии «Сангтуда-1» ва ду агрегати Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъминоти қувваи барқ пурра ҳал мегардад ва ҷумҳурӣ имконият пайдо менамояд, ки дар ин замина иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатиро ба кор андозад.

Моҳияти дигари масъала иборат аз он аст, ки дар баробари сохта ба истифода додани ҳарду нерӯгоҳ дар заминаи қувваи барқи арзони истеҳсоли ватанӣ даҳҳо корхонаҳои дигари истеҳсолӣ пайдо мешаванд, ки онҳо метавонанд захираҳои ғании канданиҳои фоиданокро ба манфиати халқу кишвар ба истифода диҳанд.

Ширкати мазкур, бо дарназардошти ӯҳдадории он нисбати ҷалби сармоягузориҳо ба маблағи 600 млн. доллари ИМА сохтмон ва ба истифода додани ду навбати заводи нави алюминийро дар вилояти Хатлон, ки иқтидори солонаи ҳар яки он 100 ҳазор тонн алюминийро ташкил медиҳад, ба зимма дорад. Сохтмон ва ба истифода додани навбати аввали корхонаи нави алюминий то охири соли 2010 ва навбати дуюм – дар мӯҳлати то охири соли 2013 бояд амалӣ гардад.

Инчунин ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Русский Алюминий» дар мӯҳлати то охири соли 2007 бо маблағгузории умумии 150 млн. доллари ИМА сохтмон ва ба истифода додани ду корпуси электролизии Корхонаи алюминии Тоҷикро, ки иқтидори умумии лоиҳавии онҳо дар як сол 100 ҳазор тон алюминийро ташкил медиҳад, ба ӯҳда гирифтааст.

Ширкати мазкури Федератсияи Россия дар доираи Созишномаи баимзорасида татқиқоти конҳои алюминидоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи барномаи омӯзишии 10 ҳазор мутахассиси соҳаҳои металургияи алюминий, кимиё ва энергетикаро ба маблағи умумии 10 млн. доллари ИМА низ амалӣ месозад. Анҷоми муваффақонаи ин тадбирҳои наҷиб имкон медиҳад, ки даҳҳо ҳазор нафар бо ҷои кор таъмин гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон  фурӯши барқро ба хориҷи кишвар ба роҳ монда, буҷети давлатиро ғанӣ гардонад.

Устувории Буҷети давлатӣ бошад, асоси инкишофи  рӯзафзуни соҳаҳои  иҷтимоӣ, пеш аз ҳама маорифу тундурустӣ ва илму фарҳанг, беҳдошти ҳаёту фаъолияти кормандони соҳаҳои таъминоти буҷетӣ, дар маҷмӯъ некӯаҳволии тамоми мардуми Тоҷикистон хоҳад буд

Аз рӯи ҳисобҳои тахминӣ дар сурати ташкили корхонаҳои хурди истеҳсолӣ то 15 ҳазор аҳолии ҷумҳурӣ бо ҷойи корӣ таъмин карда мешаванд, ки онҳо метавонанд дар ривоҷу равнақи соҳибкории хурду миёна заминаи мусоид фароҳам оваранд.  Маблағи умумии сармоя, ки аз тарафи Федератсияи Россия барои ин корҳо сафарбар карда мешавад, беш аз 2 млрд доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дигар кишварҳои узви ИДМ аз ҷумла, Ҷумҳурии Қазоқистон низ омодагии хешро бобати сармоягузорӣ ба Консорсиуми Сангтӯда изҳор доштааст, ки дар марҳилаи аввал маблағи сармоя 30 миллион доллари Амрико хоҳад буд. Бо таъсиси Консорсиуми байналмилалии Сангтӯда, аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон раванди азхудкунии захираҳои энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат гирифт. Сарони кишварҳои дӯст имсол бобати таъсиси ширкати тарҳи Сангтӯда-1, анҷоми муваффақонаи нақби Анзоб то охири соли 2005 бунёди корхонаи муштараки  тракторсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

Бунёди роҳи пайвандгари  Осиёи Марказӣ бо Афғонистону Эрон ва Покистон ҳам аз муҳимтарин тадбирҳои муштарак арзёбӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Исломобод лоиҳаи сохтмони роҳи мошинрави Душанбе-Кулма-Ҷалолобод ва Душанбе-Исломобод тавассути роҳи Вахон-Читролро пешниҳод кард, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Мушарраф бо қаноатмандӣ пазируфта шуд. Ҷумҳурии Исломии Покистон маблағи  қарзи қаблии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 13 миллион доллари ИМА-ро  дар бар мегирифт, ба грант яъне қарзи бебозгашт табдил дод.

Мамолики пешрафтаи Аврупо низ дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди саҳмгузорӣ дар лоиҳаҳои хурду бузурги стратегӣ мароқи хоса зоҳир намуданд.

Аз ҷумла бо Ҷумҳурии Чехия бобати иштирок дар Консорсиуми Сангтӯда, таҷдиду навсозии корхонаи Тоҷиксемент бо ҷалби бештар аз 8 миллион доллари Амрико, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди зироат, пахта ва алюминий мувофиқа гардиданд.

Ҳамкорӣ бо 51 мамолики узви Хартияи энергетикӣ сол то сол густариш меёбад. Дар Брюссел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  аснои мулоқот бо Дабири кулли Хартия Риа Кимлер имзои ҳарчи зудтари протоколи транзитии кишварҳои аъзоро манфиатнок арзёбӣ кард.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишондоду дастурҳои Сарвари Давлат дар соли 2004 бо ифодаи  устувории мавқеи хеш ҷиҳати идомаи стратегияи пайванди минтақаҳо ва аз ҳолати сарбастагӣ бадар сохтани сарзамин талоши ҷиддӣ намуд.

Баробари вусъати сохтмони пули барқӣ миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон, инчунин бо роҳбарияти олимақоми Қирғизистон таҷдиду навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол-Саритош асоси қарордодию ҳуқуқӣ пайдо кард. Дар ҳамдастӣ бо созмону ташкилотҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ раванди бунёди пулҳо фаъолтар гардид. Шаҳпули таърихии миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ВМКБ дувумин пули калон аст, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Афғонистон ифтитоҳ ёфтааст.

Имсол дар маркази ВМКБ боз як рӯйдоди фаромӯшнопазири таърихӣ ба вуқуъ пайваст. Дар яке аз қисматҳои зебоманзари шаҳри Хоруғ бо ҳамдастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Оғохон Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бунёд хоҳад шуд, ки рӯзи 6 июли соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва  роҳбари исмоилиёни ҷаҳон Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ Оғохони чаҳорум нахустин хишти рамзии онро гузоштанд.

Дар ду лоиҳаи бунёди роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Дарвоз,  ба хусус дар минтақаҳои Шкев – Зиғар ва Шоғон Зиғар дар маҷмӯъ 1000 нафар мутахассисон, ки 60 дарсади онҳоро ҷавонони маҳаллӣ ташкил медиҳанд, фаъолият доранд.

Дар соли 2004 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бобати таҳкими муносибатҳои  байналмилалӣ қадамҳои боэътимоду устувор гузошт.

Сафари аввалини давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Мушарраф ба вуқуъ пайваст, идомаи мантиқии муколамаи роҳбарони олимақоми ҳар ду кишвари дӯсту бародар ва таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, техникӣ ва илмию фарҳангӣ арзёбӣ гардид. Муколамаи муназзами сиёсӣ, бахусус, дар сатҳи олӣ василаи муҳими густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Покистон қарор гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити навбатии Ташкилоти Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия, ки бо даҳумин солгарди барномаи ин ташкилот «Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ» рост омад ва дар татбиқи ин барнома, сарони мамолики олам, аз ҷумла нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хеле муассир аст, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин Саммит Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сулҳпарвари асри навин диққати аҳли оламро бо далелу таҷрибаи ҳаёти муосир ба ҳалли ҳарчи зудтари пешгирии паҳншавии маводи мухаддир ҷалб намуд. Ба андешаи Сарвари Давлати Тоҷикистон яке аз омилҳои нооромии минтақа ва ҷаҳон аз афзоиши истеҳсоли ин маводи марговар аст. Бо назардошти ин дар маҷмӯъ ба вазъи кунунии Афғонистон ва Ироқ низ таваҷҷӯҳи амиқ зоҳир карда шуд.

Зимни сӯҳбатҳои ҷонибии хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мулоқоти Ташкилоти Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ бо Президенти ИМА Ҷорҷ Буш, Президенти Ҷумҳурии Фаронса Жак Ширак, Сарвазири Британияи Кабир Тони Блеер ва бо дабири Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, Вазири корҳои хориҷии Булғористон Соломон Пасси андешаҳои ҷолибу пешниҳодоти мушаххас баён гардиданд. Ҳамзамон бо истифода аз фурсати муносиб дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ИМА, Фаронса, Британияи Кабир ва Созмони Амнияту ҳамкории Аврупо баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, бо Дабири кулли САҲА ташкилу баргузории як қатор тадбирҳои минтақавию ҷаҳонии фарогири масъалаҳои суботу амнияти сайёра дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе мувофиқа карда шуд.

Сафари аввалини расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Чехия қадами боварибахши сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ бо ин мамлакати  пешрафтаи Аврупо марҳилаи сифатан навро оғоз кард.

Соли 2004 дар таърихи давлати навини Тоҷикистон боз як саҳифаи  фаромӯшнопазир кушода гардид. Дар Люксембург бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазирони корҳои хориҷии 25 мамолики узви Иттиҳоди Аврупо Созишномаи ҳамдастӣ ва ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба имзо расид.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо 19 забони мамолики Аврупо тарҷума гардида, тариқи  воситаҳои ахбори омма паҳн гардид. Ин дастоварди бузург ва беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифодаи  амиқи қавитар гардидани  эътимоди ҷомеаи башарӣ аз сиёсати  боровари иқтисодӣ ва хориҷии давлату ҳукумати Тоҷикистон ва натиҷаи  талошҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буда, дарвозаҳои азими ҷалби сармоя, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро бо 25 мамолики тараққикардаи Аврупо ифтитоҳ кард. Дар вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари Давлати Люксембург-Гертсоги Кабир Генри ин пешрафти арзишманди сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, қабл аз ҳама самараи неки роҳи бунёди ҷомеаи азоду демократии Тоҷикистон арзёбӣ карда, Эмомалӣ Раҳмонро бо имзои Созишномаи ҳамдастӣ ва ҳамкории Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон  шодбош гуфт.

Шоҳи Белгия Алберти II ҳангоми мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, имзои созишномаи ҳамдастӣ ва ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои равнақи муносиботи ояндадори Тоҷикистону Белгия аҳамиятнок баҳо дод.

Соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел бо намояндаи ваколатдори Иттиҳоди Аврупо оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷии умумӣ дар бахши амният Ховер Солан сӯҳбат кард. Ховер Солан ба мавқеи шахсии башардӯстонаи  Сарвари Давлати Тоҷикистон баҳои баланд дода, таъкид кард, ки Иттиҳоди Аврупо омодааст ба Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  кӯмаки ҳамаҷониба расонад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байналмилалии  ЮНЕСКО таҳти унвони «Евразия дар асри XXI: гуфтугӯи фарҳангҳо ё низои тамаддунҳо?» дар шаҳри Чолпон-атаи Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок ва суханронӣ намуд. Ба ин конфронси байналмилалӣ ҳайатҳои олирутбаи беш аз 20 кишвари олам аз ҷумла Австрия, Белгия, Британияи Кабир, Эрону Ҳиндустон, ИМА, Фаронса, Испания, Чину Россия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок доштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари кории худ ба шаҳри Тошканд бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Цзинтао мулоқот намуд. Тарафҳо аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки соли 2003 гардиши мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин қариб 400 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нишондиҳандаҳои 5 моҳи соли ҷорӣ боз ҳам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли сипаришуда назаррасу афзоянда мебошад.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Цзинтао талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати саҳмгирӣ дар ҳалли мушкилоти иқтисодию экологӣ иқдоми нек арзёбӣ кард. Эмомалӣ Раҳмон ва Ху Цзинтао ифтитоҳи роҳи Мурғоб Кулмаро омили рушди равобити кулли мамолики минтақа, пайванди Аврупову Осиё маънидод намуданд.

Дар маҷлиси Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай, перомуни ҳамаи ҷиҳатҳои  фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай мубодилаи муфиди афкор барпо гардид. Ба фаъолияти мақоми созмон баҳо дода, роҳҳои ҳамкории минбаъда муайян карда шуданд. Сарони давлатҳо масъалаҳои ривоҷи минбаъдаи ҳамкории бисёрсоҳаро дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай муҳокима намуда, аз рӯи масъалаҳои муҳими байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон маҷлиси даҳуми Шӯрои  байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Аврупою Осиё баргузор гардид, ки дар он танҳо сарони давлатҳои  узви ҷомеа иштирок доштанд. Онҳо дар ҷараёни сӯҳбат рафти  иҷрои қарорҳои дар маҷлиси пештараи Шӯрои байнидавлатӣ моҳи апрели соли гузашта дар Душанбе баргузоргардида, аз ҷумла, амалӣ сохтани  асосҳои сиёсати давлатҳои узви ҷомеаро дар масъалаи сарҳад муҳокима намуданад. Ба рӯзномаи маҷлиси Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Аврупою Осиё масъалаҳои муқаррар намудани  заминаи ягонаи тааруфаҳои ҳамлу нақли бор тавассути нақлиёти роҳи оҳан, иттилооти мутақобилаи  давлатҳо зимни қабули онҳо ба Созмони байналхалқии тиҷорат, ташкили Консорсиуми обу энергетика дар заминаи иншоотҳои  энергетикии дарёи Сир дохил карда шуда буданд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкории давлатҳои узви Ҷомеаи иқтисодии Аврупою  Осиё дар масъалаи хариду фурӯши қоғазҳои қиматнок, ҳамкории онҳо дар соҳаи танзими фаъолият ва назорати бонкҳо дар доираи ҷомеаи мазкур дар давоми солҳои  2005 – 2006 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Соли 2004 Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Муҳаммад Хотамӣ ба Душанбе ташриф овард. Дар доираи сафари расмии меҳмони олиқадр мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Хотамӣ баргузор гардид.  Ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ намуданд.

Мулоқоти ҳаштуми Сарони давлат ва ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо иштироки  Роҳбари Ҳукумати Интиқолии Афғонистон Ҳамид Карзай, Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Артур Расизода, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Хотамӣ,  Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Дониёл Аҳмадов, Президенти  Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шавкат Азиз, Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайин Эрдоган, муовини Раиси Парлумони Ҷумҳурии Туркманистон Реҷеп Сафаров ва Раиси Парламенти  Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эркин Халилов дар шаҳри Душанбе ва интихоби якдилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раис аз ҷониби Сарони давлат ва ҳукуматҳои узви ЭКО ифодагари афзоиши нуфузи  сиёсӣ ва мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Дар сухани ифтитоҳии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодиро ташкилоти афзалиятбахши ҳамгироии миёни кишварҳо номид. Ба қавли Сарвари Давлати Тоҷикистон гардиши савдои хориҷӣ таи солҳои охир миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои аъзои ЭКО, аз ҷумла, Озарбойҷону Афғонистон, Қирғизистон, Эрон ва Турсия аз 2 то 3 маротиба афзоиш ёфт.

Дар доираи ЭКО ҳанӯз имкониятҳои истифоданашуда хеле зиёданд, - ёдовар шуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ба хусус, татбиқи  ду лоиҳаи энергетикӣ неругоҳҳои Сангтӯда ва Роғун имконияти дар як сол истеҳсоли 18 миллиард киловатт соат нерӯи барқро дорад, ки ин ба таъмини мамолики аъзои ЭКО бо барқи арзон мусоидат менамояд.

Дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Остона ҷаласаи Шӯрои Сарони Мамолики аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони кишварҳо масъалаи  рушди ҳамкориҳо, ба хусус ҳамдастӣ алайҳи таҳдидҳои  амнияту осоиш, татбиқи созишномаҳои  марбута дар доираи ИДМ, САҲА (Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо) ва СММ, масоили вобаста ба омилҳои халалрасони робитаҳои бисёрҷонибаи иқтисодию тиҷоратиро муҳокима намуданд.

Дар ҷаласаи Шӯрои Сарони Мамолики аъзои ИДМ унвонии халқҳои узви иттиҳод ва ҷомеаи башарӣ ба ифтихори 60-умин солгарди  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 муроҷиатнома қабул карда шуд. Ҳамзамон сарони кишварҳо консепсияи ҳамкориҳои  мамолики узви ИДМ дар муборизаи  муштарак бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, барномаи байнидавлатии тадбирҳои  муштарак алайҳи  ҷинояткорӣ барои солҳои 2005 – 2007 ва барномаи  ҳамкориҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои он барои солҳои 2005 – 2007-умро қабул намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Кочарян, ки ба Душанбе ташриф оварда буд, маҷмӯи мукаммали масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии миёни Тоҷикистону Арманистон мавриди барасӣ қарор доданд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар мавриди татбиқи амалии созишномаҳои қаблан ба тасвибрасида, қабл аз ҳама, Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкории миёни Тоҷикистону Арманистон, ба сатҳи сифатан созандаю ҷавобгӯи  талаботи талошу хоҳишҳои халқҳои ҳар ду мамлакат расонидани  ҳамкориҳои  тиҷоратию  иқтисодӣ, воридоту содироти афзоянда, ҳавасмандии намояндагони соҳаҳои илму фарҳанг, тавсеаи робитаҳои эҷодкорон ва дар маҷмӯъ ривоҷ бахшидани  муносиботи дӯстонаи байни кишварҳо ҳамфикрии амиқу боварибахш баён доштанд.

Соли 2004 дар шаҳри Душанбе ҳамчунин ҷаласаи Шӯрои Сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар чорчубаи ин чорабинӣ мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов баргузор шуд. Дар ҷараёни сӯҳбати муфассал ва пурмуҳтаво маҷмӯи масъалаҳои ҳаётан муҳим барои ҳама кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд.

Робитаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмону ташкилотҳои бонуфузи сиёсӣ ва молиявии сайёра, аз қабили Созмони Милали Мутаҳид, барномаи тараққиёти он, инчунин ЮНЕСКО, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд ва дигар муассисаҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба маҷрои сифатан беҳтару самаровар ворид шуданд. Дар соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти аҳамият ва афзалияти  таҳкими робитаҳо бо созмону ташкилотҳои  соҳибмавқеи ҷаҳонӣ аснои мулоқоту вохӯриҳо бо роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии Асъор Питер Вингли, Президенти Бонки Осиёгии Рушд Тадао Чинно, ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ Шигео Катсу, муовинони Дабири Кулли СММ Бригит Шмегнеров ва Ким Хак-Су, Дабири Кулли НАТО Яаап де Хоп Схеффер, фармондеҳи ҳайати маркази Қувваҳои Мусаллаҳи  ИМА генерал Ҷон Абазаид ва Президенти ФИФА Ҷозеф Блаттер муҳимтарин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи пешрафт баррасӣ шуданд.

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор донистани ҷоизаи шаҳри Сулҳ аз ҷониби ЮНЕСКО пазироӣ гардид ва шаҳри Душанбе ба ин шарафи  бузург ноил гардид.

Машварати консултативии мамолики сармоягузор ба раванди дигаргунисозиҳои иқтисодӣ ва ислоҳоти сохтори Тоҷикистон баҳои сазовор дод.

Ҳанӯз ибтидои сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ унвонии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян карда, таъкид намуд, ки бо риояи  ҳатмии талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя аз манфиатҳои халқу давлат, такя ба нерӯҳои солиму заковатпешаи ҷомеа, эъмори давлати озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявиро садоқатмандона идома медиҳад.

Сарвари Давлат бо мақсади таъмини вусъати татбиқи амалии барномаҳои стратегии соҳаҳои иқтисодиёту кишоварзӣ тавассути сафарҳои корӣ ва силсилаи сӯҳбатҳои  телефонӣ бо раисони вилояту шаҳр ва ноҳияҳои  кишвар мунтазам натиҷаҳои фаъолияти корхона ва хоҷагиҳоро мавриди таҳлили амиқу ҷиддӣ қарор дода, ҳамеша таъкид менамояд, ки истифодаи ақилонаи замин, афзоиши истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ, бахусус пахта омили муҳими пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт, фаровонии бозор, авҷи содироту воридот ва таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ мебошад.

Талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт имсол натиҷаҳои босамар овард. Дар 10 моҳи соли 2004 нишондиҳандаҳои  маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар муқоиса бо далелҳои соли 2003 11 % боло рафт, ҳаҷми баландшавии истеҳсолоти саноатӣ 15,2 % ва хоҷагии қишлоқ аз 9,3 % иборат буд.

Сохторҳои қудратӣ ва низомии кишвар ҳамчун ҳомиёни боэътимоди осоишу амният ва халалнопазирии сарҳадоти давлатӣ сол то сол сатҳи тахассусии ҳайатҳои шахсии худро баланд бардошта, вазифаи муқаддасу пурифтихори хешро муваффақона пеш мебаранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳкими қобилияти мудофиавии мамлакат такмили сохтор ва фаъолияти Гвардияи Президенти Тоҷикистон онро ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дод. Дар сафҳои ин гвардия содиқтарин фарзандони Тоҷикистон хизмати Модар-Ватанро адо менамоянд. Дар соли 2004-ум Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои наву муҷаҳҳаз фаъолияташро идома дод. Ин сохтори тозабунёди зодаи истиқлол омили муҳими таъминкунандаи мустақилияти комили ҳокимияти судӣ гардид.

Тоҷикистониён дар соли 2004 бо ифтихору шукргузорӣ аз марҳилаи навини пешрафту навовариҳо 13-умин солгарди  истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10-солагии қабули Конститутсия-Қонуни Асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-умин солгарди пойтахти мамлакат шаҳри Душанберо дар  сатҳи баланду хеле пуршукӯҳ таҷлил намуданд. Дар натиҷаи талошҳои пайваста ва иқдоми наҷибонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳнаткашони кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон боз як соли асри навинро бо нерӯи созанда, хираду заковати навовар, дастовардҳои навини иқтисодию сиёсӣ ва илмию фарҳангӣ ҷамъбаст намуданд.

Маҳз бо ибтикору заҳматҳои самаровари Сарвари Давлат бори нахуст дар таърихи давлатдории сарзамин ҷалби маблағҳои бузурги сармоя заминагузорӣ шуданд, созишномаҳои ояндадори ҳамкорӣ ба имзо расиданд, мартабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ устувору қавитар гардид.

Пешрафти муваффақонаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз ҳар ҷиҳат собит кард, ки роҳи пешгирифтаи мардум ва Давлати Тоҷикистон бо ҳимоя аз манфиатҳои ҳама қавму  миллатҳои сокини кишвар таҷрибаи нодири аз бӯҳрони сиёсию иқтисодӣ ҷониби рӯзгори осудаю обод равона кардани ҷомеа, сиёсати халқпарваронаю муттаҳидсоз, ободкорию созандагӣ мебошад.

Роҳбалади беназири ин шоҳроҳи бунёду тараққиёт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина давлати ҷавони Тоҷикистонро аз  имтиҳону озмоишҳои тақдирсоз ба марҳилаи рушду камоли устувор ҳамсафии сазовор бо кишварҳои мутамаддин ва пешрафтаи сайёра ворид месозад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520